Пайвандҳои дастрасӣ

Русия мухолифи ҳузури низомии хориҷӣ дар ҳавзаи Хазар аст


Сергей Лавров - вазири хориҷаи Русия имрӯз хостори мамнӯъияти ҳузури низомии хориҷӣ дар ҳавзаи дарёи Хазар шуд, ки панҷ кишвари Русия, Озарбойҷон, Қазоқистон, Туркманистон ва Эронро дарбар дорад.


Оқои Лавров гуфт, ки "ҷилавгирӣ аз хатароти ношӣ аз ҳузури низомии кишварҳои севвум оромиши минтақаро тазмин хоҳад кард". Вай ин суханонро дар нишасти як гурӯҳи кории минтақаӣ дар бораи мақоми ҳуқуқии дарёи Хазар баён кард.


Оқои Лавров бори дигар пешниҳоди Русия мабнӣ бар ташкили нирӯи дарёии муштараки панҷ кишвари ҳавзаи дарёи Хазарро ёдовар шуд. Дигар кишварҳо дар гузашта бо ин пешниҳоди Русия бархурди муҳтотонае доштаанд.


Вазири хориҷаи Русия изҳори умедворӣ кард, ки ба зудӣ гуфтушунудҳо дар бораи мақоми ҳуқуқии дарёи Хазар ба марҳилаи ниҳоӣ хоҳад расид. Эрон пофишорӣ кардааст, ки ҳар як аз панҷ кишвари соҳилӣ дорои саҳме баробар аз бистари дарё бошад, дар ҳоле ки аксари аъзои ин гурӯҳ хостори тақсими бистари дарёи Хазар ба таносуби хутути соҳилии ҳар як кишвари ҳавза ҳастанд.
XS
SM
MD
LG