Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии маҳалли хоксупории Милошевич


Марко Милошевич - писари раисиҷумҳурии пешини Югусловӣ озими Ҳуланд шудааст, то пайкари падарашро ба кишвараш баргардонад.

Хонаводаи Милошевич мегӯянд, ки қасд доранд пайкари ӯро дар Сербистон - зодбуми оқои Милошевич ба хок биспоранд. Борис Тадич - раисиҷумҳурии Сербистон эҳтимоли баргузории маросими хоксупории расмӣ барои Слободан Милошевичро рад кардааст. Слободан Милошевич ба иттиҳоми иртикоби ҷиноёти ҷангӣ ва наслкушӣ дар додгоҳи Лоҳа (Гаага) муҳокима мешуд. Ба гуфтаи оқои Тадич, баргузории маросими хонаводагии хоксупорӣ дар Белгрод қобили қабул хоҳад буд.

Аммо Марко Милошевич субҳи имрӯз (14 март) дар фурӯдгоҳи Маскав қабл аз азиматаш ба Лоҳа гуфт, ки мақомоти Белгрод дар воқеъ моил ба барпоии маросими дафни Слободан Милошевич дар Сербистон нестанд. Вай ба шабакаи телевизюнии Руйтер гуфт, ки шояд маросими хоксупорӣ дар Маскав сурат бигирад.

Пештар гузориш шуда буд, ки вакилони мудофеъи хонаводаи Милошевич аз додгоҳе дар шаҳри Белгрод хостори лағви дастури боздошти Миряна Маркович - ҳамсари Слободан Милошевич шудаанд, то ӯ низ битавонад дар маросими хоксупории шавҳараш дар Сербистон ҳузур ёбад. Бону Маркович низ дар Русия ба сар мебарад.

Дар ин миён гузориш шудааст, ки чаҳор пизишки рус раводиди Ҳуландро дарёфт кардаанд, то дар Лоҳа натоиҷи колбудшикофии Слободан Милошевич тавассути осебшиносони ҳуландиро баррасӣ кунанд. Ба гуфтаи ин осебшиносон, оқои Милошевич рӯзи шанбе, 11 март бар асари ҳамлаи қалбӣ даргузаштааст.
XS
SM
MD
LG