Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барномаи таҷлил аз Наврӯз дар Тоҷикистон


Шаҳрдории Душанбе барномаи таҷлил аз Наврӯзи имсол дар пойтахти Тоҷикистонро барои расонаҳои гурӯҳӣ мунташир кардааст.

Муллошариф Одинаев - масъули бахши фарҳангии шаҳрдории Душанбе гуфт, қарор аст субҳи 21 март дар боғи тозабунёди тафреҳиву фарҳангии «Пойтахт-80» ва амфитеатри Душанбе маросими умдаи наврӯзӣ бо ширкати сокинон ва меҳмонони пойтахт сурат бигирад ва шомгоҳи ҳамон рӯз дар варзишгоҳи «Спартак» мусобиқаи гуштигирӣ доир шавад.

Ҷаноби Одинаев гуфт, ҳамчунин, дар рӯзи 21 март дар базмгоҳи наврузӣ озмунҳои мухталиф аз қабили мусобиқаи «Маликаи Наврӯз», озмуни пӯшишҳо ва ғизоҳои миллӣ, мусобиқаи таронаҳои наврӯзӣ баргузор хоҳад шуд.

Ба гузориши бахши фарҳангии шаҳрдории Душанбе, кумитаи кор бо занони шаҳри Душанбе низ як барномаи вижаи ҷашниро барои бонувони пойтахт тарҳрезӣ кардааст.

Меҳриннисо Носирова - раиси кумитаи занони Душанбе дар ин бора гуфт, қарор аст рӯзи 22 март барномаҳои наврузӣ, аз қабили базми суманак, озмуни хурокҳои наврӯзӣ, либосҳо ва таронаҳои миллӣ дар маҳаллаҳои пойтахт баргузор шавад. Ба гуфтаи дафтари матбуъотии шаҳрдории Душанбе, яке аз вижагиҳои барномаи бузургдошти Наврӯзи имсол ин аст, ки бино ба тасмими шаҳрдорӣ аз буҷаи ҳукумати шаҳр, якуним ҳазор сомонӣ барои ҳар як маҳаллаи марказ ва атрофи пойтахт ҷиҳати таҷлил аз Наврӯз ихтисос дода шудааст.

Сафаргул Олимӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG