Пайвандҳои дастрасӣ

Маҳбусони тоҷики Пули Чархӣ


Кобул Мақомоти Афғонистон баъди исёни маҳбаси Пули Чархӣ, ки дар қатори кушташудагон як шаҳрванди Тоҷикистон низ буд, мавҷудияти дигар атбои Тоҷикистонро дар ин маҳбас рад карданд.

Дар қатори маҳбусини сиёсии зиндони Пули Чархӣ чаҳор шаҳрванди дигари Тоҷикистон низ ба сар мебаранд. Ҳайдар, Ҳусайн, Ҷамшед ва Абдулғанӣ ба ҷурми даст доштан дар амалиёти интиҳорӣ ва узвият дар созмони Ал - Қойида муттаҳам шудаанд.
Ҳайдар ва Ҳусайн, зодагони нохияҳои Тавилдара ва Панҷи Тоҷикистон ба даст доштан дар таркише, ки ду сол пеш дар чорроҳаи Ансории Кобул рух дода буд, боздошт ва аз сӯйи додситонии Кобул ба 20 ва 10 соли зиндон маҳкум шудаанд. Аммо худи онҳо даст доштан дар ин амалиётро рад карда, мегӯянд, онҳо бидуни тафтиши мукаммал муҳокима ва муҷрим шинохта шудаанд. Ҳайдар мехоҳад, ки тафтиш аз сар гирифта ва гуноҳи эшон собит карда шавад.
Ҳайдар гуфт, яке аз авомили ҳукми ноодилона нисбати ӯву Ҳусайн бидуни вакили дифоъ ҷараён гирифтани раванди додгоҳ будааст.
Ҳайдару Ҳусайн соли 1992 баъди оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон дар қатори дигар муҳоҷирин ба Афғонистон рафта ва то даврони маҳбус шудан дар Кобул ба сар мебурдаанд. Ҳоло онҳо дар ошёни чоруми блоки сиёсии маҳбаси Пули Чархӣ ҳукми худро сипарӣ мекунанд.
Ҷамшед, сокини микрорайони 64-уми шаҳри Душанбе низ дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ тавассути Афғонистон ба Пешовари Покистон рафта, он ҷо бо тиҷорат ва тадрис дар мадраса машғул будааст. Ҷамшед мегӯяд, чаҳор сол пеш ӯ барои дидорбинӣ ба хонаи язнааш Ҳоҷӣ Маҳмуд, ки дар исёни Пули Чархӣ аввалин нафари кушташуда аст, меояд. Аммо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон ӯ, Ҳоҷӣ Маҳмуд ва Абдулғаниро, ки низ бо Чамшед дар ошёнаи дуввуми блоки сиёсии маҳбаси Пули Чархӣ ба сар мебарад, бо иттиҳоми узви созмони Ал-Қойида будан боздошт мекунанд. Додгоҳ Ҷамшеду Абдулғаниро ба шаш сол, Ҳоҷӣ Маҳмудро ба ҳашт соли зиндон маҳкум мекунад.
Абдулғанӣ, маҳбуси чоруми тоҷики Пули Чархӣ зодаи ноҳияи Исфара, шахси оромтабиат аст. Ӯ суханони Ҷамшедро таъйид карда, вале ҳарфе нагуфт.
Аммо дар аснои сӯҳбат бо Ҷамшед, Абдулғанӣ ва маҳбусони дигари ошёни дуюми блоки сиёсии Пули Чархӣ онҳо гуфтанд, ки кушта шудани Ҳоҷӣ Маҳмуд ҳодисаи тасодуфӣ набуд.
Кумандон Амиршо, сарвари маҳбаси Пули Чархи гуфт, дар маҳбас касе нест, ки худро муҷрим шиносад, ҳатто як зане, ки 23 мардро ба катл расонидааст. Оқои Амришо гуфт, Ҳоҷӣ Довуд яке аз нафароне буд, ки мехост барои дигарон заминаи фирор аз зиндонро фароҳам созад.
Аммо маҳбусоне, ки Ҳоҷӣ Маҳмудро мешиносанд мегӯянд, ӯ дар даҳлези маҳбас бо тире аз берун кушта шудааст.
Ҳайдар, Ҳусайн, Ҷамшед ва Абдулғанӣ ҳангоми худоҳофизӣ гуфтанд, ки умед доранд ҳукумати Тоҷикистон онҳоро аз Афғонистон пас мегирад ва онҳо агар ҷурм дошта бошанд, бигзор онро додгоҳи Тоҷикистон қазоват кунад. Дар акси ҳол, онҳо баъди сипарӣ намудани ҳукмашон ба ватан бармегарданд, зеро мегӯянд, Тоҷикистонро бисёр ёд кардаанд.
XS
SM
MD
LG