Пайвандҳои дастрасӣ

"Милошевичро таърих қазоват хоҳад кард"


Слободан Милошевич, президенти собиқи Югославия, нахустин раҳбари кишвар буд, ки дар додгоҳи байналмилалӣ барои ҷиноятҳои ҷанг ва генотсид муҳокима шуд.
Ба ин шакл ба масъулият кашидани раҳбари як кишвар метавонист барои бисёриҳо намунаи хубе бошад. Вале бо дар назардошти он ҳама пул ва он ҳама вақте, ки барои ин маҳкама масраф шуд, бидуни ҳукм поён ёфтани он, барои бисёриҳо нигаронкунанда аст.
Марк Коген, устоди фанни қонунҳои байналмилалӣ дар Донишгоҳи Генти Белгия мегӯяд, ин гуноҳи трибунали Ҳейг буд, ки натавонист муҳокимаро дар чаҳорчӯби пешбинишудаи замонӣ анҷом диҳад. Коген мисол меоварад, ки баъди Ҷанги дуввуми ҷаҳон додгоҳи маъруфи Нюремберг тавонист дар як муддати нисбатан кӯтоҳ муваффақона бисёре аз тарҳрезони режими натсистии Олмонро муҳокима кунад. Вале ба гуфтаи Коген, додгоҳҳои кунунӣ аз ӯҳдаи чунин кор набаромаданд. Коген меафзояд:

Мутаассифона, ин дуруст аст, ҳам дар мавриди Додгоҳи Ҷиноёти Ҷанги Югославияи собиқ ва ҳам нисбати Трибунали Руанда. Ин ҳарду додгоҳи байналмилалӣ мутаассифона натавонистаанд, сари вақт қазоват кунанд.

Милошевич ба 66 гуноҳ, ба шумули генотсид, ҷиноёти ҷанг, ҷиноёти зидди башар дар тӯли ҷангҳои Хорватия, Босния - Ҳерзоговина ва Косово дар солҳои навадум мутаҳам мешуд. Дар натиҷа раванди муҳокима мушкилу печида буд ва ҷониби дифоъкунанда барои таъхир додани кор имконоти зиёд дошт. Масалан, Милошевич рӯихати 1600 шоҳидро пешниҳод намуд.
Устоди қонунҳои байналмилалӣ Коген мегӯяд, ки ҳамзамон ба чандин гуноҳ мутаҳам ва баррасӣ шудани Милошевич як сабаби дигари солҳо тӯл кашидани маҳкама шуд.
Дар ҳамин ҳол, дар Бағдод дар мавриди раиси ҷумҳурии собиқи Ироқ Саддом Ҳусайн додгоҳ ибтидо тасмим гирифт, ки ӯро ба иттиҳоми марбут танҳо ба як куштори дастаҷамъӣ гунаҳгор кунад.
Вале Кристофер Гринвуд, устоди қонунҳои байналмилалӣ дар Донишгоҳи Иқтисодии Лондон мегӯяд, ки чунин тарзи иттиҳомгузорӣ дар мавриди Слободан Милошевич номумкин буд:

Ба ақидаи ман, бо дар назардошти аҳамияти таърихии рӯйдодҳои Босния ва Косово, иштибоҳ мебуд, агар ба Милошевич танҳо чанд намунаи маҳдуди иттиҳомот гузошта шавад. Барои бисёр қурбониён ин мисли як сарфи назар кардан вонамуд мешуд.


Вале як нукта рӯшан аст, ки имрӯз бисёри қурбониёни Милошевич дар воқеъ, худро сарфи назаршуда эҳсос мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, як рӯзномаи муҳими чопи Сараево, дар Босния навиштааст: "Адолф Ҳитлер низ ҳеҷ гоҳ муҳокима ва маҳкум нашуд, вале тамоми дунё медонад, ки ӯ чӣ карда буд."
Рӯзномаи дигари Сараево бо номи "Дневни Аваз" навишт, Милошевич "шахсест, ки чаҳор ҷангро шурӯъ карду ҳар чаҳорро бохт, оила ва дӯстони худро аз даст дод ва яқинан, аз ҳамон чизе, ки ҳатто барои нодортарин одам муҳайёст маҳрум шуд: яъне аз ду метри мураббаъ замини қабристон дар ватанаш."
XS
SM
MD
LG