Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

«Регар» ТадАЗ - барандаи Ҷоми Долтабоев


Мусобиқаи анъанавии ҷумҳуриявӣ бо ширкати ҳашт даста дар варзишгоҳи «Автомобилист»-и шаҳри Душанбе баргузор шуд. «Регар» ТадАЗ, ки бо ҳафт имтиёз дар гурӯҳи «Б» мақоми аввалро касб кард, дар бозии нимниҳоӣ бар СКА «Помир»-и Душанбе бо натиҷаи 1 бар 0 пирӯзӣ ба даст оварда, ба бозии ниҳоӣ роҳ ёфт.Тими «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, ки бо шаш имтиёз дар сабқати гурӯҳи «Б» мақоми дуввумро ишғол кард, дар бозии нимниҳоӣ бо CSKA-и Душанбе - ғолиби гурӯҳи «А» қувва озмуд. Вақти асосӣ ва иловагӣ бо натиҷаи мусовии 1 бар 1 хотима ёфт ва аз рӯи зарбаҳои ёздаҳметра «Вахш» бо натиҷаи 7 бар 6 ғолиб омада, ба финал баромад.

Ба ин тартиб, бозии ниҳоӣ миёни «Регар» ТадАЗ ва «Вахш» сурат гирифт. Тақдири бозиро тӯби дар дақиқаи 38-ум ба дарвозаи «Вахш» задаи Ҷамшед Исмоилов бо натиҷаи 1 бар 0 ба фоидаи «Регар» ТадАЗ ҳал кард.

Бино ба иттилои Мирзо Муҳаммадҷонов, муовини раиси Федератсиони футболи Тоҷикистон беҳтарин бозигарони дастаҳои лигаи олӣ дар ҳайати тими мунтахаби кишвар ба Ҷоми даъвати Конфедератсиони футболи Осиё дар ҷамъомади таълимию тамринӣ, ки рӯзи чоршанбеи 15 март оғоз мешавад, омодагӣ хоҳанд гирифт. Вай афзуд, дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар Ҷоми даъвати AFC дар гурӯҳи «D» 2 апрел дар варзишгоҳи «Бангабанду»-и пойтахти Бангладеш - шаҳри Дакка бо тими миллии Макао, 4 апрел бо тими миллии Покистон ва 6 апрел бо мунтахаби Қирғизистон рақобат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG