Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барфи наврӯзӣ?



Ҷамила Байдуллоева, раиси маркази пешгӯии вазъи ҳавои Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон гуфт, сардшавии ҳарорати ҳаво дар фасли баҳор барои Тоҷикистон ғайримуқаррарӣ нест, зеро тибқи маълумоти Оҷонсии ҳавошиносӣ паст шудани ҳарорати ҳаво дар моҳи март дар 16 соли ахир ба мушоҳида мерасад.
Хонум Байдуллоева меафзояд, ҳавои сард дар Тоҷикистон то рӯзи 16 март боқӣ мемонад. Ҳарчанд, ба гуфтаи ӯ, дар ин рӯзҳо эҳтимоли боридани борону барф низ вуҷуд дорад, аммо ҳарорати ҳаво дар ин рӯзҳо то 15 дараҷаи болои сифр боқӣ мемонад.
Ин дар ҳолест,ки дар вазорати ҳолатҳои изтирорӣ ба радиои «Озодӣ», гуфтанд, боришоти борон ва барфи ахир дар Тоҷикистон хисорот ба бор наовардааст. Тибқи иттилои ин манбаъ, боришоти барф дар манотиқи ҷануб ва маркази Тоҷикистон ба мушоҳида расидааст.Дар дигар минтақаҳо ҳарчанд ҳарорат поин рафтааст, вале феълан боришот нест.
Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон ҳамчунин иттилоъ медиҳад, ки дар рӯзҳои таҷлили иди Наврӯз аз эҳтимол дур нест , ки дар кишвар борон ва барф борад.
XS
SM
MD
LG