Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бозори китоб дар Кӯлоб


Дувоздаҳ тан аз адибони саршиноси тоҷик, бо шумули Мӯъмин Қаноат, Гулрухсор, Гулназар, Меҳмон Бахтӣ, Айюбӣ, Саттор Турсун барои нахустин бор асарҳои худро бо соядаст ба муштариён ба фурӯш заданд. Меҳмон Бахтӣ- садри Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон мегӯяд, ин барои нахустин бор буд, ки адибон имкон ёфтанд, бо хонандаи худ бевосита дидор бинанд ва офаридаи килки хешро бо соядаст тақдими онҳо кунанд.

Бар тибқи иттилоъи Сӯҳробшоҳи Фаррухшоҳ, сухангӯи шаҳрдорӣ дар ин рӯз, ҳамзамон шаҳри Кӯлоб аз 60 - умин солгарди зодрӯзи шоир Сафармуҳаммад Айюбӣ низ ҷашн гирифт. Ва дар хиёбони марказии Кӯлоб ва толори Кохи Фарҳанг вохӯрии адибони баркамоли тоҷик бо аҳли завқ ва мухлисин баргузор гардид. Оқои Сӯҳробшоҳ афзуд,

«Дар рӯзи якшанбе садҳо номгӯй асари антиқа ва ба истилоҳ зиндонӣ, бо расмулхатти ниёкон, ки дар тӯли 70 соли табъизи коммунистӣ дар қабристонҳо ва тагхонаҳо пинҳон буданд, озод ва ба маърази тамошо гузошта шуданд»

Коршиносон мегӯянд, ин барои нахустин бор аст, ки дар як шаҳри музофотӣ «Бозори кутуб» таъсис ёфт, ки дар он асару дастнависҳо, кутуби ҷадид ва антиқа бо қиммати аз 50 дирам то 100 доллари амрикоӣ ба фурӯш рафтанд.
XS
SM
MD
LG