Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷоизаи байналмилалии хабарнигори тоҷик


Дар шаҳри Турини Итолиё маросими тақдими мукофот ба барандаҳои ҷоизаи Бунёди аврупоии омӯзиш (European Training Foundation), ки дар миёни онҳо хабарнигори тоҷик ҳам буд, баргузор шуд. Абдулфаттоҳ Шафиев (Ҳумоюни Шаҳриёр), хабарнигори бахши тоҷикии радиои Озодӣ ва аз масъулони www.ozodi.org дар қатори чаҳор нафар дар озмуни байналмилалии Бунёди аврупоии омӯзиш пирӯз гардид. Озмуни мазкур аз ҷониби ETF дар тирамоҳи соли гузашта барои журналистони ҷавони минтақаи Осиёи марказӣ, Ховари миёна, Қафқоз, Аврупои шарқӣ ва ҷанубу шарқӣ ва шимоли Африқо эълон шуда ва дар чаҳор давр баргузор гардида буд. Бино бар гуфтаи Муриел Данбар, раҳбари Бунёди аврупоии омӯзиш дар озмун беш аз сад нафар ширкат кардаанд. Ғолибони дигар Жибек Караманова аз Қазоқистон, Евгения Коева аз Булғористон ва Малҳам Мансур аз Сурия буданд. Ҷоизаҳоро доктор Ширин Ибодӣ, ҳуқуқшинос ва барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 2003 тақдим кард. Евгения Коева пирӯзи кулл эълом гардид ва барои як давраи чаҳор моҳаи омӯзишӣ ба Итолиё даъват шуд.
XS
SM
MD
LG