Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Охирин баҳори Отахон Латифӣ"


Ин дуюмин китобест, ки ҳамсари устод Латифӣ Манзура Яъқубова гирдоварӣ, таҳрир ва нашр кард. Китоби аввал панҷ сол пеш дар Маскав бо номи "Одамон ва қуллаҳо" аз чоп баромадааст. Дар китоби нав на танҳо навиштаҳои устод Латифӣ, балки ҳамчунин хотираҳои афроде, ки ӯро аз наздик мешинохтанд, ба монанди Абдулмаҷид Достиев, Иброҳими Усмон, Ҳоҷӣ Абар Тӯраҷонзода, Евгений Пирмаков ва дигар чеҳраҳои саршинос нашр шудаанд.
Журналисти шинохтаи тоҷик Абдулфаттоҳ Воҳидов мегӯяд, Отахон Латифӣ ҳамчун як ҳунарманди соҳибмактаб барои як насли комили журналистони тоҷик устод ба шумор меравад ва то ҳоло журналистон аз ин мактаб меомӯзанд. Вай аз нашри китоби осори устод Латифӣ истиқбол кард ва гуфт, ин асар барои донишҷӯёни бахшҳои журналистика дар донишгоҳҳо як дастури судманд хоҳад буд.
Манзура Яъқубова мегӯяд, ҳарду китоб бо кӯшишҳои дасттанҳоёнаи хонаводаи устод Латифӣ ба нашр расидаанд ва камбуди сармоя имкон надодааст, китобҳо бо теъдоди зиёд ба чоп расанд.
Отахон Латифӣ аз соли 1964 дар бонуфузтарин рӯзномаҳои шӯравии собиқ кор кардааст. Дар охири солҳои 80-уми асри гузашта ноиби сарвазири Тоҷикистон буд ва то охири умраш дар Кумисюни оштии миллӣ кор кардааст. Қатли Латифӣ дар 22-юми сентярби соли 1998 яке аз ҷиноятҳои пурасрор шумурда мешавад, ки то ҳанӯз фармоишгарони он фош нашудаанд.
XS
SM
MD
LG