Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди Русия дар мавриди Эрон ба кор нарафт


Ирон мегуяд, пешниҳоди созишкоронаи Русия дар бораи барномаҳои ҳастаии Эрон дигар зарурат надорад, зеро парвандаи Эрон акнун ба Шурои амнияти СММ меравад. Ҳамидризо Осифӣ-сухангуи Вазорати корҳои хориҷии Эрон гуфт, ҳоло бояд мунтазир монд, то рушан шавад, ки панҷ кишвари узви доимии Шурои амният дар мавриди парвандаи Ирон чӣ кор хоҳанд кард. Вай изҳор дошт, ки Ирон ҳеҷ гоҳ қатъномаи ША-ро, ки қатъи ғанисозии урониюмро тақозо мекунад, иҷро нахоҳад кард. Қаблан Манучеҳри Муттакӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон гуфта буд, Эрон дар мубоҳисоти ҳастаиаш нафтро чун василаи ҷоҳталабӣ истифода нахоҳад кард. То ҳол Маскав Теҳронро ташвиқ мекард, ки Ирон урониюми худро дар қаламрави Русия ғанӣ созад, зеро маҳофили байналмилалӣ дар ин кишвар метавонанд бар ҷараёни ғанисозии урониюми Эрон назорат кунанд. Аммо сухангуи вазорати хориҷаи Русия имруз гуфт, ки Маскав изҳороти ахири Теҳронро дар мавриди даст кашидан аз пешниҳоди Русия баррасӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG