Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи Саддом аз сар гирифта шуд


Имруз дар Бағдод мурофиаи додгоҳи Саддом Ҳусейн-раҳбари режими собиқи Ироқ ва ҳафт нафар аз ёронаш, ки барои қатли 148 нафар дар соли 1982 муттаҳам дониста мешаванд, аз сар гирифта шуд. Ин мурофиа моҳи октябр шурӯъ шуда буд. Субҳи имрӯз раиси додгоҳи низомии Ироқ ба телвизюни Ироқ гуфт, агар иттиҳомоти Саддом тибқи парвандаи кунунӣ собит шавад, вай билофосила маҳкум ба эъдом ва ин эъдом бидуни мурофиаи баъдӣ иҷро хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG