Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таҷлили рӯзи матбуот дар Тоҷикистон


.Хайринисо Мавлонова,муовини сарвазири Тоҷикистон зимни нишасти идона ба ин муносибат паёми табрикии раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов унвонии намояндагони маҳофили матбуъоти кишварро қироат кард.Дар номаи табрикии раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз саҳми боризи матбуъот ва хабарнигорон дар рушди ҷомеъа тавсиф шудааст.Ҳамзамон Раҷабмад Амиров, вазири фарҳанги Тоҷикистон зимни табрики намояндагони матбуъоти тоҷик гуфт,феълан озодии сухан дар кишвар масири рушдро тай мекунад ва ҳукумат дар ростои таъмини нақши муассири матбуъот ва мусоидат ба рушди матбуъоти мустақил дар кишвар аз ин ба баъд низ талошҳои бештар ба харҷ медиҳад.
Дар нишасти идона ба муносибати рӯзи матбуъоти тоҷик ба як гурӯҳ аз 0 кормандони расонаҳои хабарии давлативу ғайридавлатӣ унвони Аълочии матбуот эҳдо шуд.Дар рӯйхати ин гурӯҳ ҳамчунин Мухтор Боқизода, сардабири нашрияи «Нерӯи Сухан» ва раиси Бунёди дифоъ аз ҳуқуқи журналистон, ки як ниҳоди ғайридавлатист, низ шомил аст. Бино ба иттилоъи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир дар ин кишвар беш аз 300 нашрия даврӣ расман сабти ном аст,ки аз ин миён нисфро нашрияҳои ғайри давлатӣ ташкил медиҳанд
Барот Юсуфӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG