Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Озодии баён дар Тоҷикистон аз нигоҳи Амрико


Шафақати Раҷабиён Вазорати корхои хориҷаи Амрико дар гузориши солонаи худ дар бораи вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон менависад, ки қонунҳои ин кишвар озодии баён ва матбуъотро пешбинӣ мекунад, аммо дар амал, давлат ин ҳаққи шаҳрвандонашро маҳдуд кардааст.

Дар мавориде афроди дигарандеш тарсонда мешаванд, то қодир ба баёни дидгоҳҳои интиқодомези худ набошанд. Ба навиштаи ин гузориш, мудохилаи давлат дар ин замина ба вижа дар давраи интихоботи саросарии моҳи феврал мушоҳида мешуд. Дар остонаи интихобот давлат монеъ аз суханрониҳои телевизионии ҳизбҳои мухолиф шуд ва чандин нашрияро, ки дидгоҳҳои мутафовит аз давлат доштанд, таътил кард.

Гузориши Вазорати хориҷаи Амрико меафзояд, ки расонаҳои мустақил дар Тоҷикистон тайи соли 2005 фаъол буданд, аммо ҳамвора бо шеваҳои мухталифи назорат ва фишор рӯбарӯ мешуданд. Дар натиҷа тайи соли гузашта давлат бар расонаҳои гурӯҳӣ назорати бештаре эъмол кард. Вазорати хориҷаи Омрико бо истинод ба суханони нозирони байналмилалӣ ва гурӯҳҳои нозири вазъияти матбуот мегӯяд, ки ин чархиши саду ҳаштод дараҷаӣ дар бархурди давлат бо озодии баён бахше аз талоши давлат барои таҳкими қудрату нуфузи худ дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар соли 2006 будааст. Дар ин давра давлати Тоҷикистон танҳо ба як расонаи мустақилли сиёсӣ муҷаввизи фаъолият содир кард, ки ҳамакнун ба номи "Миллат" мунташир мешавад. Дар кулл, 8 нашрия парвонаи кор дарёфт карданд, ки аксари онҳо ғайрисиёсӣ ва тафреҳианд. Дархости рӯзномаи "Имрӯз" барои фаъолият тавассути Вазорати адлия ё додгустарии Тоҷикистон рад шуд. Ҳамаи нашрияҳои умдаи мухолиф таҳти фишори давлат аз чоп бозмонданд.

Моҳи сентябр шабакаи дуввуми саросарӣ ба номи "Сафина" оғоз ба кор кард, ки як шабакаи давлатист.

Дар идомаи гузориш мехонем, ки аз 18 шабакаи талевизюнии мустақил танҳо маъдуде воқеъан аз истиқлол бархурдоранд ва фаъолияти шуморе аз онҳо қатъ мешуд.

Гузориши вазорати хориҷаи Амрико ҳамчунин ба мушкилоти созмони ғайридавлатии "Интернюз" дар заминаи сабти ном дар Тоҷикистон ишора мекунад, ки қасд дошт таҳти ҳимояти худ панҷ шабакаи родюии роҳандозӣ кунад.

Давлат ба бахши аъзами расонаҳо ёрона ё субсид мепардохт. Бархе аз истгоҳҳои мустақилли родю ва телевизюн дорои имконоти худии забту пахш ҳастанд, аммо аксаран барои пахши барномаҳои худ аз фиристандаҳои давлатӣ кор мегиранд. Вазорати хориҷаи Амрико муътақид аст, ки давлати Тоҷикистон дар раванди пахши ин барномаҳо ихтилоле иҷод накардааст.

Сипас ин гузориш ба мавориди ҷузъии азияту озори рӯзноманигорон мепардозад. Аз ҷумла ба қазияи Ҷумъабой Толибов – узви Иттиҳодияи Рӯзноманигорони Тоҷикистон ва як мақоми давлатӣ дар ноҳияи Айнӣ, ки ба хотири интиқоди ошкор аз мақомоти маҳаллӣ ва ифшои камбудҳои минтақа маҳкум ба зиндон шуд. Иттиҳомоти матруҳа алайҳи вай авбошӣ, вуруди ғайримуҷоз ба як сохтмон ва сӯиистифода аз мақом буд, аммо гузориши вазорати хориҷаи Омрико бо истинод ба Анҷумани расонаҳои мустақилли Тоҷикистон мегӯяд, ки ин боздошту маҳкумият мустақиман бо фаъолияти рӯзноманигории оқои Толибов иртибот дошт. Ин гузориш меафзояд, ки пас аз моҷарое тӯлонӣ саранҷом рӯзи 16 декабр Ҷумъабой Толибов аз зиндон озод шуд.

Мавриди дигар марбут ба Мухтор Боқизода - сардабири рӯзномаи мустақилла "Нерӯи сухан" мешавад, ки ба хотири истифодаи ғайримуҷоз аз нирӯи барқ барои сохтмони чопхонааш ба ду сол кори иҷборӣ маҳкум шуд. Муҷозоти ҷароими мушобеҳ дар Тоҷикистон маъмулан ҷарима аст. Нашрияи оқои Боқизода ба хотири интиқодоташ алайҳи давлат ва раисиҷумҳурӣ шинохташуда буд. Гузориши Вазорати хориҷаи Амрико дар як ҷумла менависад, ки дар таҳқиқи қазияи зарбу ҷарҳ ё лату кӯби Раҷаб Мирзо - сардабири нашрияи "Рӯзи нав" дар соли 2004 низ ҳич пешрафте воқеъ нашуд.

Дигар шеваҳои озори рӯзноманигорон дар Тоҷикистон, ба навиштаи Вазорати хориҷаи Амрико, муҳокимаҳо барои бим додани дигар хабарнигорон, "ҳушдор"-ҳои телефунӣ ва рӯёрӯ дар додситонӣ ё дар дафтари нашрияҳо, бозрасиҳои молиётии гузинишӣ, бозҷӯиҳои наздику дақиқи расонаҳои нисбатан мустақил, ба монанди бозшумории теъдоди нусхаҳои як нашрия ва муқоисаи он бо теъдоди расмии нашрия будааст.

Тайи соли 2005 давлат бештари чопхонаҳо ва лавозими пахши барномаҳоро таҳти кунтрул дошт. Бино ба ин гузориш, Вазорати додгустарӣ ё адлияи Тоҷикистон дастуре дарёфт кард, ки ба созмонҳои ғайридавлатии дорои нашрия ҳаққи фаъолият надиҳад. Моҳи январ давлат чопхонаи "Кайҳон"-ро таътил кард. Нашрияҳои мустақилли "Нерӯи сухан", "Адолат", "Рӯзи нав" ва "Одаму олам" имкони интишор дар ҳеч чопхонаи давлатӣ ё хусусиро наёфтанд. Баъд аз он "Одаму олам" ва "Нерӯи сухан" муваффақ шуданд танҳо як бор мунташир шаванд. Дигар рӯзномаҳои мустақил низ бо мушкилоти ҳамсоне рӯбарӯ шуданд.

Дар поёни фасли озодии баён ва матбуъот дар ин гузориш омадааст, ки дар соли 2005 сиёсатмадорони мухолифон ба телевизюни давлатӣ дастрасии бисёр маҳдуд доштанд. Пас аз дастрасии маҳдуди онҳо дар давраи интихоботи саросарӣ дигар хич садои мухолифе аз родю ва телевизюни давлатӣ пахш намешавад. Гузориши Вазорати хориҷаи Амрико меафзояд, ки давлат чандин сомонаи интернетиро дар қаламрави Тоҷикистон масдуд кардааст, аз ҷумла сомонаи TajikistanTimes.ru, ки мутаъаллиқ ба Додоҷони Атоуллоҳ - рӯзноманигори норозии муқими Москов аст.
XS
SM
MD
LG