Пайвандҳои дастрасӣ

Тозаҳо аз ҷаҳони созу овоз


Дориюш Мақомоти иёлати Колифурниёи Омрико аз Майкл Ҷаксон - ситораи попи омрикоӣ хостаанд, ки коху боғи азими Неверланд ё Нокуҷоободашро бибандад. Ин тасмим ба далели напардохтани дастмузди коргарони мазраъа ва адами таҷдиди бима (суғурта)-и Нокуҷообод гирифта шудааст.

Neverland як мазраъаи фарох аст бо майдонҳои бузурги бозӣ барои кӯдакон, боғи ваҳш (зоопарк) ва ҷонварони фаровон. Мақомот Майкл Ҷаксонро ба миқдори ҳудуди 170 000 дуллор ҷарима кардаанд, зеро вай аз моҳи декабри гузашта то кунун дастмузди дастикам 30 коргарашро напардохтааст ва муддати эътибори бимаи вай моҳи январ ба поён расид. Қарор аст ҷонварони боғи ваҳш таҳти муроқибати мақомоти Колифурниё воқеъ шаванд.

Ин дар ҳолест, ки соҳиби Нокуҷоободи бузург ҳазорон килуметр аз дастраси мақомоти Колифурниё ба дур аст. Албатта, на ин ки фирор карда бошад, балки пас аз табраъа (сафед шудан)-аш аз иттиҳоми кӯдакозории ҷинсӣ ин овозхони баландовозаи поп зиндагӣ дар Баҳрайнро ихтиёр карда ва зоҳиран ҳоло-ҳолоҳо фикри бозгашт ба Нокуҷоободашро надорад.

Ин ҳам аз хабаре, ки рангу бӯи додрасию қазоӣ дошт.

Аммо баъзан хабарҳои тафреҳӣ бо сиёсат ҳам дарҳам меомезанд. Ба монанди ин ки гурӯҳе аз ҳунармандон аз Роҷер Вотерз - овозхони гурӯҳи маъруфи Pink Floyd (Пинк Флойд) хостанд, ки бо ҳимоят аз корзоре алайҳи девори амниятии Исроил дар Каронаи бохтарии рӯди Урдун баргузории як кунсерташ дар Исроилро лағв кунад. Қарор аст ба зудӣ Анҷумани фаластинии ҳунари муъосир дар шаҳри Тел-Овиви Исроил кунсерти Роҷер Вотерзро созмон диҳад. Ҳоло ҳампешагони оқои Вотерз аз ӯ мехоҳанд, ки аз ин кунсерт сарфи назар кунад.

Вале Роҷер Вотерз бо изҳори назар дар ин бора нишон дод, ки хеле таъсирпазир нест. Вай дар гуфтугӯе бо рӯзномаи Guardian чопи Ландан гуфт, ки ҳарчанд сиёсати хориҷии Исроилро намеписандад, аммо ба эҳтимоли зиёд он кунсерти мавъуд дар Тел-Овивро баргузор хоҳад кард. Ин овозхони шаҳир дар гузашта аз девори амниятии Исроил интиқод карда буд. Давлати Исроил мегӯяд, ки девори амниятӣ як тадбири муваққатист, ки барои ҷилавгирӣ аз вуруди бумбгузорони фаластинӣ ба хоки Исроил сохта шуда. Аммо Роҷер Вотерз бо заковати комил гуфта, ки дидгоҳи интиқодиаш дар мавриди сиёсати хориҷии Исроил далели лағви кунсерташ нахоҳад шуд. Роҷер гуфта: "Ман аз сиёсатҳои хориҷии Туни Блер ҳам хушам намеояд, вале ин далел намешавад, ки ман дар Бритониё дигар кунсерт баргузор накунам".

Воқеъан, агар қарор бошад ҳамаи овозхонон ба далели носозгорӣ бо сиёсатҳои хориҷии кишварҳои дигар дили ҳаводоронашон дар он кишварҳоро шод накунанд, фикр мекунам, ба зудӣ ҳамаи онҳо дар чордевори кишварҳои худашон маҳсур хоҳанд монд... Ҳммм, чаншмандози хубе нахоҳад буд.

Вале аз аҷоиби мусиқӣ ин ки яке аз дастнавиҳои Ҷон Леннон - ситораи фақиди гурӯҳи "Битлз" дар музояда (ауксион) ба фурӯш нарасидааст. Дар ҳоле ки дар гузашта Ҷон Леннон саросари ҷаҳонро такон дода буд.

Интизор мерафт, ки аз фурӯши ин пора коғази ҳовии шеъри Ҷон Леннон, ки 39 сол пеш навишта шуда, дар музоядаи Нйу Йорк чизе ҳудуди дуву ним милюн дуллор ҳосил шавад, вале зоҳиран касе ҳозир набуд ин маблағи ҳангуфтро дар изои як пора коғаз аз даст бидиҳад.

Ва саранҷом, як хабар аз ҷаҳони мусиқии форсӣ:

Андӣ - овозхони попи эронии муқими Лус Онҷелес, ки дар Осиёи Миёна ҳам қалбҳои бисёреро тасхир карда, ахиран олбуми ҷадидашро ба номи инглисии City of Angels, ки ба забони мову шумо мешавад "Шаҳри фариштаҳо", вориди бозор кардааст. Манзураш аз "Шаҳри фариштаҳо" шояд ҳамон Los Angeles бошад. Оҳангҳои Андӣ дар ин олбум форсию арманианд.

То "Садои тоза"-и оянда бо хабарҳои тозаи дигар.
XS
SM
MD
LG