Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узвияти муҳоҷирони тоҷик дар иттиҳодияҳои синфии Русия


аз Маскав Иттиҳодияи синфии бинокорони Русия муҳоҷирони кориро ба узвият даъват кардааст. Ба гуфтаи Борис Сошенко -раиси ин иттиҳодия, дар ҳоли ҳозир беш аз се ҳазор муҳоҷири корӣ узвияти онро доранд, ки аксари онҳо аз ҷумлаи муҳоҷирони тоҷиканд. Борис Сошенко ҳамчунин афзуд, Иттиҳодияи синфии бинокорони Русия талош кардааст, ки аз корфармоён қарзи панҷ милюн рублиро, ки муъодили 1.5 милион дуллор мешавад, биситонад ва ба муҳоҷирони корӣ бипардозад.

Бино ба гузориши Иттиҳодияи синфии сохтмонсозони Русия, дастмузди моҳонаи як муҳоҷири тоҷик дар Русия наздик ба 219 дуллори омрикоист. Саид Мирзомуддинов - корманди ин ниҳод дар бораи фаъолияти иттиҳодия мегӯяд:

«Дар муддати кӯтоҳи кории ман наздик ба 3,5 милюн рублро ба муҳоҷирони тоҷик баргардондем. Онҳо тайи 6-7 моҳ кор мекарданд, вале дастмуздашон пардохт намешуд. Узвияти сохтмонсозон дар иттиҳодияи синфии бинокорони Русия ё Тоҷикистон ба беҳбуди кори худи онҳо хоҳад буд. Мо аз онҳо дар Русия ҳимоят мекунем ва тарҳҳои тозае ҳам барояшон дорем. Ҳоли ҳозир мехоҳем ба раҳбарии Тоҷикистон ва Русия як нома бифиристем, то ки барои муҳоҷирон то замони пайдо кардани кор дар шаҳри Москов ду хобгоҳ ихтисос диҳанд».

Боғшоҳ Лашкарбеков - раиси Анҷумани тоҷикони муқими Маскав мавсум ба «НУР» мегӯяд, агар ин созмон аз ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дифоъ кунад, аз иқдомоти онҳо истиқбол хоҳанд кард.

Вай афзуд, дар Русия созмонҳое ҳастанд , ки ҳадафи аслиашон аз муҳоҷирони корӣ ҷамъоварии пул аст.

Аз сӯи дигар, Борис Сошенко - раиси Иттиҳодияи синфии бинокорони Русия мегӯяд, ки гувоҳиномаи ин созмон метавонад муҳоҷирони кориро аз зӯргӯии нирӯи пулис дифоъ кунад. Вай афзуд, вақте ки пулис ин гувоҳиномаро дар дасти муҳоҷир мебинад, маъмулан бедиранг ӯро раҳо мекунад.

Бино ба иттилоъи хадамоти муҳоҷирати Русия, дар ин кишвар миёни 500 то 800 ҳазор нафар муҳоҷири кории тоҷик ба сар мебаранд. Ба гуфтаи ҳамин ниҳод, дар Русия танҳо 1823 нафар муҳоҷири кории тоҷик ба таври қонунӣ ба сар мебаранд.
XS
SM
MD
LG