Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Владимир Сотиров: Муборизаи Тоҷикистон бо маводди мухаддир корсоз аст


Кумитаи байналмилалии СММ дар умури назорат бар гардиши маводди мухаддир талошҳои Тоҷикистонро барои ҷилавгирӣ аз қочоқ ва интиқоли маводди мухаддир пурарзиш арзёбӣ менамояд.

Владимир Сотиров Раҳбари намояндагии Созмони Милал дар Тоҷикистон, ки гузориши солонаи кумитаи байнамилалии СММ дар заминаи назорат бар гардиши маводди мухаддирро дар Душанбе муъаррифӣ мекард, гуфт, Тоҷикистон дар як соли охир тавонистааст дар амри ҷилавгирӣ аз қочоқ ва интиқоли маводди мухаддир тавассути қаламрави худ амалкарди мувафақиятомезе дошта бошад. Оқои Сотиров зимни муъаррифии гузориши мазкур гуфт:

«Мо дар маҷмӯъ амалкарди ниҳодҳои зирабти Тоҷикистонро дар ростои мубориза бо қочоқи маводди мухаддир дар соли 2005 мусбат арзёбӣ мекунем. Чунин мешуморем, ки раҳбарӣ ва мақомоти Тоҷикистон дар ин роҳ иқдомоти муассирро пиёда месозад».

Ин дар ҳолест, ки иддае аз коршиносон ба вижа коршиносони рус бар ин боваранд, ки бо хурӯҷи марзбонони рус аз Тоҷикистон мавориди қочоқу интиқоли маводди мухаддир тавассути қаламрави ин кишвар афзоиш ёфтааст. Аммо Владимир Сотиров - раҳбари намояндагии СММ дар Тоҷикистон бо ишора ба ин мавзӯъ гуфт, бо хурӯҷи марзбонони рус аз Тоҷикистон ва вогузории ҳифозати марзи байни Тоҷикистону Афғонистон ба марзбонони тоҷик назорату ҳифозати марзҳои муштарак заррае тазъиф нашуд ва гузашта аз ин, кишварҳои диҳишгар ё кумаккунанда ба марзбонони тоҷик кумаки худро дареғ надоштанд.

Дар ҳамин ҳол Рустам Назаров - раиси Ожонси мубориза бо маводди мухаддири вобаста ба раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ба густариши фаъолиятҳои муштараки ин ниҳод бо мақомоти афғон ишора намуд ва гуфт, танҳо дар соли 2005 ниҳодҳои марбутаи ду кишвар дар ростои мубориза бо қочоқ ва интиқоли маводди мухаддир шаш амалиёти муваффақи муштарак анҷом додаанд.

Оқои Назаров ҳамчунин гуфт, дар ҳамоҳангӣ ниҳодҳои масъули ин ду кишвар танҳо дар ду моҳи соли равон ду амалиёти муштарак роҳандозӣ ва беш аз 100 килуграм маводди мухаддирро аз гурӯҳҳои қочоқбар мусодира кардаанд.

Холиқи Сангин, Душанбе
XS
SM
MD
LG