Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Оғози кори маҷлиси нави Ироқ ба таъвиқ афтод


Шафақати Раҷабиён

Ҷалол Толибонӣ - раисиҷумҳурии Ироқ баргузории нахустин нишасти ҳайъати ҷадиди порлумони ин кишварро барои як ҳафта ба таъвиқ андохтааст.

Оқои Толибонӣ гуфт, ки нахустин маҷлиси Ироқ рӯзи 19 март оғоз ба кор хоҳад кард ва ин як ҳафта дертар аз торихи мавъудест, ки дар Қонуни Асосии Ироқ омадааст. Ин таъхир ба ҳизбҳои сиёсӣ фурсати бештаре медиҳад, то дар мавриди мақомҳои калидӣ, аз ҷумла симмати раёсати маҷлис ба тавофуқ бирасанд.

Дар таҳаввуле дигар, артиши Омрико эълом кардааст, ки қасд дорад зиндони бадномшудаи Абу Ғурайбро дар зарфи ду то се моҳи оянда бибандад.

Ба гуфтаи як сухангӯи артиши Омрико, 4500 зиндонии Абу Ғурайб ба дигар зиндонҳои Ироқ, аз ҷумла ба Камп Кропер мунтақил хоҳанд шуд. Камп Кропер як боздоштгоҳи ҷадиди омрикоист, ки дар ҳаволии фурӯдгоҳи Бағдод сохта мешавад.

Дар ин миён, шабакаи телевизюни давлатии Ироқ хабар дод, ки мақомоти ироқӣ дар шимоли он кишвар 13 шӯриширо ба иттиҳоми иртикоби ҷиноёте аз қабили қатл, таҷовуз ба номус ва бумбгузорӣ эъдом кардаанд.

Рӯзи панҷшанбе (9 март) бар асари инфиҷори ду бумби ҷосозишуда дар худрав 11 нафар кушта ва 15 нафари дигар захмӣ шудаанд.

Аз сӯи дигар, Кумитаи ҳимоят аз рӯзноманигорон мустақар дар Нйу Йорк гузориш дод, ки Мунсиф Абдуллоҳ ал-Халдӣ - як гӯяндаи телевизюни Бағдод дар ҳоли ронандагӣ дар пойтахти Ироқ тавассути афроди мусаллаҳи ношинос кушта шудааст.
XS
SM
MD
LG