Пайвандҳои дастрасӣ

Вокунишҳо ба ҳабси хабарнигорон дар Туркманистон


Иҷрокунандаи вазифаи президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ (RFE/RL) Ҷефф Тримбл боздошти ду хабарнигори Бахши туркмании Радиои Озодӣ дар Туркманистонро як ҳамлаи ошкоро ба озодии матбуот ва ҳуқуқи инсон номид.
Ҳабси Мурод Хоммадов ва Ҷумъадурдӣ Овезов ҳамчунин аз тарафи Кумитаи байнулмилалии дифоъ аз журналистон маҳкум гардид. Полиси Туркманистон рӯзи 7-уми март ин хабарнигоронро дар ду ҳодисаи ҷудогона боздошт кардааст. Мақомоти Туркманистон аз ҳама гуна шарҳи ин боздоштҳо худдорӣ мекунанд ва ба хонаводаи хабарнигорон фишор меоранд, то бо касе тамос нагиранд.
Кумитаи байнулмилалии дифоъ аз журналистон, марказаш дар Ню Йорк дар изҳороти худ мегӯяд, Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ягона манбаъи мустақили иттилоъ дар Туркманистон буда, хабарнигорони он аз тарафи мақомоти ин кишвар ҳамеша мавриди таҳдид ва таъқиб қарор доранд.
XS
SM
MD
LG