Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои амният мавзӯъи Эронро баррасӣ мекунад


Панҷ узви доимии Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид - Бритониё, Чин, Фаронса, Русия ва Иёлоти Муттаҳидаи Омрико имрӯз барои дуввумин бор пушти дарҳои баста мавзӯъи наҳваи вокуниш ба буҳрони ҳастаии Эронро баррасӣ мекунанд.

Ҷон Болтон - сафири Омрико дар СММ мегӯяд, ки кишвараш барои тасвиби як баёнияи "қавӣ" дар бораи "талошҳои пайгиронаи Эрон ҷиҳасти дастёбӣ ба ҷангафзорҳои ҳастаӣ" хоҳад кӯшид.

Оқои Болтон ҳамчунин ба хатароти дигар ишора кард:

"Мо бо хатари дигаре ҳам мувоҷеҳем. Эрон на танҳо дар паи дастёбӣ ба силоҳҳои ҳастаист, балки бо тавлиди мӯшакҳои дурбурд ва дақиқтар нуқотеро дар минтақа ва фаротар аз он мавриди хатари ҷиддӣ қарор додааст. Мо дар Шӯрои амният масъулияти муқобила бо ин хатарро дорем".

Аъзои Шӯрои амният ишора кардаанд, ки ҳаракати онҳо дар ин росто оҳиста хоҳад буд ва нахуст баёнияе содир хоҳанд кард, ки аз Эрон пазириши ҳамаи хостаҳои Ожонси байналмилалии энержии ҳастаиро хоҳад хост.
XS
SM
MD
LG