Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошт шудани хабарнигорони Родиёи Озодӣ дар Туркманистон


Бахши туркмании Родёи Озодӣ мегӯяд, рӯзи сешанбе 7 март 2 хабарнигораш дар Туркманистон боздошт шудаанд, аммо маҳалли боздошти онҳо ҳанӯз маълум нест.

Хешовандони хабарнигор Мурод Хомадов гуфтаанд, ки ӯро се рӯз пеш мақомоти милисаи вилояти Марв боздошт карданд, аммо онҳо ба бахши туркмании Родиёи Озодӣ гуфтанд, ки дар бораи сарнавишти баъдии Мурод маълумоти дигаре дар даст надоранд. Хабари боздошти Ҷумъадурдӣ Авазов, хабарнигори дигари бахши туркмании Родиёи Озодӣ дар вилояти Марв низ тавассути наздиконаш ба даст омадааст. Бахши туркманӣ мегӯяд, телефонҳои ҳамроҳи хабарнигорони дигараш масдуд ва имкони тамоси телефонӣ бо онҳо гум шудааст.

Дар бораи боздошт шудани ин хабарнигорон дасти кам ду созмони дифоъ аз ҳуқуқи башар созмони "Мемориал"-и шаҳри Маскав ва Бунёди Ҳелсинкии Туркманистон гузориш додаанд.
XS
SM
MD
LG