Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси ҳастаии Эрон идома дорад


Баҳсҳо рӯи барномаҳои ҳастаии Эрон рӯзи панҷшанбе ҳам идома ёфтанд. Русия гуфта, ки бояд ба созмони ҷаҳонии назорати нирӯи ҳастаӣ барои расидагӣ ба мавзӯъи Эрон фурсати бештар дода шавад. Вазири хориҷаи Амрико Кондолиза Райс нигарониҳои кишвараш мабнӣ бар инро, ки Эрон дар Ироқ дасти дахолат дошта ва фаъолиятҳои террористӣ дар сарзаминҳои фаластинӣ ва дар Лубнонро пуштибонӣ мекунад, такрор кард.

Раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод дирӯз дар пайи эълон шудани тасмими созмони ҷаҳонии назорати нирӯи ҳастаӣ, ки парвандаи Эронро ба ША СММ гузориш кард, гуфт, кишвари вай ба ҳар навъ фишори сиёсӣ рӯи барномаҳои ҳастаияш муқобилият карда, таслими зӯр нахоҳад шуд. Бино ба хабарҳо, раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил ҳам меъёрҳои дугунаи Ғарбро ба боди танқид кашида ва гуфта, барои Эрон ин ҳеҷ гоҳ қобили фаҳм нахоҳад шуд, ки чаро барои Исроил доштани садҳо кӯлоҳаки ҳастаӣ мумкин асту барои Эрон пешбурди барномаҳои тавлиди нирӯи ҳастаӣ муҷоз нест.

Аммо барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел ва фаъоли ҳуқуқи башари Эрон Ширин Ибодӣ дирӯз дар Порис гуфт, Эрон бояд боз ҳам талош варзад то ҷаҳонро ба табиъати сирф осоишта доштани барномаҳои ҳастаияш мутмаин гардонад.

Ва вазири дифоъи Амрико Доналд Рамсфелд дирӯз дар баҳсҳои кумитаи дороии Сенат гуфт, Амрико қасди ҳамлаи низомӣ ба Эронро надорад, вале нирӯҳои Амрико ба иқдомоти душманонаи Эрон дар Ироқ посухи ҳамсанг хоҳанд дод. Оқои Рамсфелд гуфт, дар мавриди баҳси ҳастаии Эрон Вошингтон ҷонибдори роҳи ҳалли дипломатии ихтилофоти назар дар ин масъала мебошад.
XS
SM
MD
LG