Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар гузориши солонаи Вазорати хориҷаи Амрико


Шафақати Раҷабиён Фасли "Тоҷикистон"-и гузориши Вазорати хориҷаи Aмрико дар бораи вазъияти ҳуқуқи башар дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон бо ин ҷумлаи қотеъона оғоз мешавад, ки "Тоҷикистон як давлати худкома аст ва зиндагии сиёсӣ дар ин кишвар таҳти султаи Президент Эмомaлӣ Раҳмонов ва афроди вафодор ба ӯ қарор дорад".

Ин гузориш иддаъо мекунад, ки бо вуҷуди ҳузури чандин ҳизб дар арсаи сиёсии Тоҷикистон раванди демукросӣ дар ин кишвар кунд будааст. Ҳарчанд интихоботи порлумонии моҳи феврал бо мавозини байналмилалӣ созгор набуд, аммо онро метавон гоме ба пеш арзёбӣ кард, зеро шуморе аз намояндагони мухолифон тавонистанд курсиҳои порлумонро ишғол кунанд. Ин гузориш меафзояд, ки оромишу субот дар Тоҷикистон дар соли 2005 таҳким ёфтааст.

Вазорати хориҷаи Амрико мегӯяд, ки вазъияти ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон тайи соли 2005 ҳамчунон бад боқӣ монда ва мизони баланди фасод монеъ аз пешбурди ислоҳоти демукротик ва иҷтимоъӣ шудааст. Ҳаққи маҳдуди шаҳрвандон барои тағйири давлат, шиканҷа ва озори боздоштиён ва афроди дигар тавассути нирӯҳои амниятӣ, масунияти маъмурони амниятӣ аз муҷозот, шароити сахт ва хатарноки иқомат дар зиндонҳо, озори созмонҳои ғайридавлатӣ, занозорӣ ва иштиғоли кӯдакон аз ҷумлаи мушкилоти ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон аст, ки дар феҳрести баланди ин гузориш омадааст.

Аммо дар ин гузориш мехонем, ки давлати Тоҷикистон дар заминаи мубориза бо қочоқи инсон талошҳои басазое анҷом дода ва тайи соли гузашта бо ҳамдастии созмонҳои байналмилалӣ теъдоди бисёре аз қурбониёни тиҷорати инсонро аз кишварҳои мухталиф ба Тоҷикистон баргардондааст.

Дар бахши марбут ба шиканҷа дар ин гузориш омадааст, ки шиканҷа тайи соли 2005 дар Тоҷикистон ҳамчунон роиҷ будааст ва он ба вижа тавассути кормандони Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон эъмол шудааст. Аз ҷумлаи анвоъи шиканҷаи роиҷ дар Тоҷикистон зарбу ҷарҳ, озори ҷинсӣ ва истифода аз шуки электрикӣ барои гирифтани эътирофот аз афроди муттаҳам унвон шудааст. Ин гузориш бо истинод ба суханони бархе аз аъзои Ҳизб-ут-таҳрир ва афроде чун Ёрибек Иброҳимов маъруф ба "Шайх" ва Муҳаммадрӯзӣ Искандаров - раҳбари дарбанди Ҳизби Демукроти Тоҷикистон мегӯяд, ки нирӯи пулис онҳоро дар боздоштгоҳ зада ва мавриди шуки электрикӣ қарор додааст. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи таҳиякунандагони ин гузориш, афсарон ва маъмуроне, ки муртакиби ҷароими мушобеҳе шудаанд, умдатан бидуни муҷозот мондаанд. Гузориш меафзояд, ки бисёре аз қурбониёни ин навъ бадрафториҳо аз ифшои ранҷҳояшон метарсанд ва хомӯш мемонанд, то бо интиқоми мақомот мувоҷеҳ нашаванд. Бо вуҷуди ин, гузориши Вазорати хориҷа аз мавориди маъдуди муҷозоти озордиҳандагон ёд мекунад, аз ҷумла аз маҳкумияти шуморе аз кормандони Вазорати дифоъ дар Суғд ба хотири шиканҷаву озори афрод.

Ин гузориш дар бахше дигар менависад, ки озодии баён дар Тоҷикистон маҳдудтар шудааст. Дар мавориде афроди дигарандеш иръоб ё тарсонда шудаанд ва дар натиҷа аз изҳори назари озоду интиқодомез бим доранд. Ба гуфтаи таҳиякунандагони ин гузориш, ин гуна маворид ба вижа дар давраи интихоботи саросарии моҳи феврал машҳуд буд.
XS
SM
MD
LG