Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳзоби сиёсии Тоҷикистон


Cалими Аюбзод Ба кадом ҳизб ё ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон таваҷҷӯҳ доред ва чаро?

----------------------------------------------------------------
Дар Тоҷикистон 8 ҳизби сиёсӣ расман сабти ном шудааст:
- Ҳизби халқию демократӣ
- Ҳизби коммунист
- Ҳизби наҳзати исломӣ
- Ҳизби демократ
- Ҳизби сотсиал-демократ
- Ҳизби сотсиалист
- Ҳизби аграрӣ
- Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ
------------------------------------------------------------------
Дуруд ба ҳамдиёрон!

Камина аслан ба кулли аҳзоби сиёсии Тоҷикистон таваҷҷух дорам. Аммо бояд бигӯям, ки ҳамаи оинномаҳои аҳзоби фаъоли кишвар ҷавобгӯ ба талаботи фаъолиятҳои ҳизбӣ хастанд ва наметавон инҷо ин ё он ҳизбро ба дурустӣ ва ё нодурустии оиннома муттаҳам кард. Боз инчо пурсиши дигаре ҳам ҳаст, ки "кадом як аз аҳзоби сиёсии Тоҷикистон метавонад ормони миллии моро пайгирӣ кунад?". Комилан бовар дорам, ки дар посух ба ин пурсиш ҳамаи ҳизбҳои мо "Мана ман" мегӯянд. Сад афсӯс, ки ҳангоми ба сари кудрат расидан "Ана вай" мегӯянду кисаи худро пур мекунанд. Ба саломатии масъулони кумисиюни интихоботӣ қадаҳҳо бар медоранд. Боқӣ "халқ бо азобаш халқ аст, халқ бо муҳоҷирату маргумираш дар Русия халқ аст, халқро андӯҳу ғам одам месозад" ва ғайра.

Мутаассифона, бехабар аз он ки рӯзе ин ҳангомаҳои имрӯзӣ поён хоҳад ёфт ва халқ аз ҳизби ҳокиму аҳзоби дигари кишвар безор хоҳад шуд.

Набиюллоҳ
-----------------------------------

Салом бар "Озодиён" ва озодагон!

Аз дидгоҳи ман, ҳамакнун тоҷиконро ҳизби сиёсие даркор аст ки мардумсолор бошаду миллатгарову меҳандӯсту мардумпарвар ва дар андешаи наҷоти миллати парешону парокандаву дарбадар.

Ҳизбе ки манофеъи миллиро аз манофеъи гурӯҳӣ бартар гузорад ва маҳалгарову ватанфурӯшу мардумфиреб набошад.

Ҳизбе мехоҳам, ки тоҷиконро пасттар ё болотар аз дигар мардумони ҷаҳон нашморад, аммо суди миллату кишвари тоҷикро болотарин арзиш донад. Шояд касе гумон кунад ки манзур аз ингуна ҳизб ҳизби насионалистӣ бошад, аммо чунин нест. Таърих гувоҳ аст ки тоҷикон камтару бадтар аз дигарон нестанд ва агар касе бо мо кор надошта бошад мо ҳам бо касе кордор намешавем.

Ормони ман ҳизбест, ки бунёди он фарҳанги ориёӣ-исломии тоҷикон бошад - ҳизби озодагону ободгарону ояндасозон, на бандагону табаҳкорону ояндасӯзон. Ҳизбе ки тавонад аз ҳаққу ҳуқуқи миллату кишвар дифоъ кунад.

Ман ҷонибдори ҳизбе ҳастам, ки аз ҳаққи табиъӣ ва қонунии миллати тоҷик барои таъйини сарнавишти худ ва зистан дар як кишвари ягонаи дорои ҳукумати мардумсолор пуштибонӣ кунад ва ҷонибдори иттиҳоди кишварҳои порсизабон - Ориёно бошад.

Умед Ҷайҳонӣ
--------------------------------------
Аз ин ҳашт ҳизб ман танҳо панҷтояшро ба унвони ҳизб қабул дорам:
1. Ҳизби халқию демократӣ
2. Ҳизб и наҳзати исломӣ
3. Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ
4. Ҳизби аграрӣ
ва охирин
5. Ҳизби сотсиал-демократ.
Ҳизбҳои сотсиалист ва демократ зиёдатиянд ва Ҳизби коммунист аслан ба кишвари мо лозим нест. Ҳамин ҳизб буд, ки мо аз фарҳангу тамаддуни худ дур шудем.
Спитамен
--------------------------------------
Дуруд бар ҳаммеҳан!
"Ҳақ гирифтанӣ аст, на доданӣ." Ин нуктаро барои сароғоз муҳим медонам. Зеро мо, тоҷикон, ба як беморие гирифтор шудем, ки бояд интизор бошем, то касе биёяду моро наҷот диҳад.
Ҳизб муттаҳид шудан аст, аммо вақте онро таъсис медиҳем, мебинем, ки дар миёни дарё ҳастему шиновар нестем.
Мушкил дар он аст, ки бештар дар фикри теъдоди тарафдорон меафтем, ҳарчанд ба гуфтаи Фирдавсии бузург "дусад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор."
Ва маълум мешавад, ки аз аввал бо чашмони баста пеш меравем ва ҷои нақдпазир будан, худхоҳу худкомаем. Ба ҷои он ки худро ҳамчун як фарди кишвар масъули неку бади он донем, баракс бо айбҷӯӣ аз дигарон машғул мешавем.
Ва фаромӯш мекунем, ки ҳар рӯз ва ҳар лаҳза бояд кор кард. Нобурда ранҷ ганҷ ба даст намеояд.
Сайф
--------------------------------------
Хушбахтона, имрӯз ба ном 8 ҳизб амал мекунанд, вале афсӯс ҳеҷ яке аз онҳо ҳуқуқи пурраи сиёсӣ надоранд.
Ман худ узви ягон ҳизб нестам, вале аз ормонҳои Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон дифоъ мекунам ва ба ин ормонҳо эҳтиром мегузорам.
Агар интихоботҳои раисиҷумҳур ва ё маҷлис мунсифона гузаранд, умед дорам, мардум аз ин ҳизб ҳимоят хоҳанд кард. Имрӯз дар бисёр кишварҳо ҳизбҳои исломӣ тарафдори бештар пайдо мекунанд, монанди Миср ё Фаластини худгардон.
Аммо дар кишвари мо чунин пешрафт танҳо ба интихоботи озоду одилона бастагӣ дорад.
Т. Камолзода
Риёз, Арабистони Саъудӣ

--------------------------------------
Банда дар аввали солҳои 90-уми асри гузашта шомили Ҳизби демократ будам. Мо, ҷавонони солҳои 90-ум ташнаи озодии баён ва дигар элементҳои демократия будем. Ниятҳоямон ҳам тамоман дигар буд. Вале ҷанги таҳмилии солҳои 1992-1997 ҳамаи умедҳои моро барбод дод. Баъдан, бо сабаби ба роҳбарии ҳизб омадани шахсони тасодуфӣ ва фарсахҳо дур аз демократия, шахсан ман аз узвияти ин ҳизб даст кашидам.
Алҳол ба ягон ҳизби Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорам. Аксари онҳо, ба фикри банда, ҳизби кисагӣ мебошанд. Умуман, ман фикр мекунам, ки дар Тоҷикистон системаи бисёрҳизбӣ ба он тавре, ки мо мефаҳмем, вуҷуд надорад. Албатта, ҳар як ҳизб дар барномаи худ аз некӯаҳволии халқ ва гулгулшукуфонии Тоҷикистон ҳарф мезанад, ҳеҷ ҳизб зидди мардум чизе намегӯяд, вале дар амал ин тавр нест. Гуфтан дигар асту амал кардан дигар. Ман фикр мекунам, ки бо гузашти солҳо ҳамааш хуб мешавад, зеро мо ҳамагӣ 14-15 сол пештар истиқлол ба даст овардем ва мардуме ,ки 70 сол зери ситами болшевикон буданд, яку якбора ба ҷомеъаи озоду демократӣ шомил шуда наметавонад. Барои ин вақт лозим аст.Умедворам, ки дар оянда лидерҳои ҷавону орӣ аз ҳар гуна тангназарӣ (ба мисли маҳалгароӣ ва ғ.ҳ.) ба арсаи сиёсат меоянд ва ҳизбҳои дар ҳақиқат мардумӣ пайдо мешаванд.

Муҳаммадраҳим
_________________________

Дӯстони азиз, салом.
Хушбахтона, имрӯз дар кишвари мо якчанд ҳизби сиёсӣ амал мекунад, вале, мутаассифона, ағлаби онҳо кореро анҷом дода наметавонанд. Хуб, ман инҷо намехоҳам сабаб ҷӯям, танҳо мехостам ба як суол посух бигӯям. Ҳизбе, ки ман ҷонибдораш ҳастам, Ҳизби Наҳзати ислом аст. Чаро? Зеро, ки аксари бандҳои низомномаи он дар чаҳорчӯби қавонини Ислом тартиб дода шудаанд. Ва алҳамдулиллоҳ. Қонунхои исломро, фикр мекунам, ба хонанда шарҳ додан шарт нест.

Умед аз Маскав
_____________________________

Аслан ҳизбҳои сиёсӣ як ҷузъи аслии сохтори демократӣ мебошанд, ки ҳамроҳ бо ин сохтор нахустин бор дар кишварҳои Аврупо пайдо шудаанд. Ва Тоҷикистони мо, ки ба кишварҳои мутамаддини Аврупо ва ҷаҳон тақлид карда, худро кишвари "демократӣ" ном мебарад, ҳизбҳои сиёсияш низ тақлидиянд.

То ҷое, ки камина анъанаи ҳизбдорӣ ва фаъолияти ҳизбҳои кишварҳои Аврупоро омӯхтаам ва мушоҳида намудаам, байни ҳизбҳои аслии демократӣ ва ҳизбҳои қалбакии Точикистон замину осмон фарқ мебинам.

Агар содда карда гӯем, фаъолияти ҳизбҳо дар кишварҳои демократӣ чунин аст:
Як нафар ё гурӯҳи сиёсатмадорони варзида барои пешбурд ва таракки додани тамоми соҳаҳои кишвари худ (сиёсат, иқтисод, фарҳанг, иҷтимоиёт ва ғайра) як барномаи фарогир, дарозмуддат, шаффоф ва ҷолибро тайёр мекунанд ва ин барномаи худро ба ҷомеа муаррифӣ месозанд. Агар барнома ҷолиб бошад, ҷонибдорони ин барнома аз қишрҳои гуногуни ҷомеа зиёд мешаванд ва ин гурӯҳ ба ҳизб табдил меёбад. Намояндагони ин ҳизб барномаи худро пайваста тавассути намояндаҳои худ дар парлумон, тавассути ТВ, радио, матбуот ва ғайра дар байни мардум паҳн мекунанд ва ба мардум муаррифӣ месозанд. Ҳамзамон то ҷое, ки имкон доранд бахшҳои ин барномаи худро амалӣ мекунанд. Яъне мардум аз барномаи ин ҳизб хабар меёбанд, назари намояндагони ин ҳизб дар бораи масъалаҳои кишварро мешунаванд.

Ҳангоми интихоботи парлумони бошад намояндагону ҷонибдорони ҳизб барномаи худро дар байни ҷомеа тарғибу ташвиқ месозанд ва агар ба аксарияти ҷомеа барномаи ҳизб маъқул шавад, ҷомеа ба ин ҳизб овоз медиҳад ва ин ҳизб имкони бештар пайдо мекунад, то барномаи худро барои беҳбудии кишвар роҳандозӣ кунад.

Вале дар Тоҷикистон ҳизбҳо чӣ гуна фаъолият мекунанд?

Дар Точикистон ягон хизб барномаи шаффофу фарогир ва чолиби худро надорад. Агар дорад, касе дар бораи он нашунидааст. Мардум на намояндаи ин ҳизбҳоро мебинанд ва на фикри онхоро мешунаванд. Намояндагони ҳизбҳои Тоҷикистон рӯз то бегоҳ дар парлумон нишаста "кор" мекунанд, вале аксарияти ҷомеа аз мавҷудияти онҳо хабар надорад, барномаҳояшон он тараф истад.

Ҳизбҳои Тоҷикистон бештар ба мафияи сиёсӣ монанд мебошанд. Гурӯҳе аз ашхоси бонуфуз гирди ҳам меоянд ва бе ягон барномаи сиёсӣ "ҳизб" месозанд ва манфиатҳои шахсӣ ва гурӯҳии худро ҳимоят мекунанд. Ин ҳизбҳо дар асл аз 200-300 нафар бештар аъзо надоранд.

Мирсаид, Маскав.
------------------------------------------
Салом!

Шахсан бо намояндагони аҳзоби сиёсии Точикистон хамкорӣ мекунам ва бо барномаҳои эшон ошно хастам. Мутаассифона, хизбе, ки ормонхои мардуми заҳматкашидаи точикро амалӣ мекарда бошад, нест. Ягона хизбе, ки ман ба он бовар доштам, хизби Бурӣ Бачабеки Карим буд: "Хизби ман - халки ман; хизби ман - падару модари ман; хизби ман - Худои ман". Мутаассифона, сохиби ин хизбро аз саҳнаи сиёсат берун афканданд.

Ҳамаи ҳизбхои сиёсӣ дар Точикистон дурӯғггӯе беш нестанд. Онхо хар замон, дар арафаи интихоботи парлумонӣ, интихоботи раёсати ҷумҳурӣ бедор мешаванд. Як андешаи саҳв дар фикри ҳамаи онҳо ҳаст: "Агар мо дар сари қудрат мебудем, чи корхое намекардем...". Онхо бояд то ба сари кудрат омадан худро барои мардум мешиносониданд. Ҳеч ҳизби сиёсӣ теъдоди зиёди мардуми Точикистонро бо ҷои кор таъмин накардааст. Хамаи намояндагони аҳзоби сиёсӣ аз маргумири ҷавонони мардикори точик бар ҳар ҷое ҷор мезананд, вале ягон нафари онхоро надидаем, ки бо ташкилоти дахлдори кордиҳии кишвари Русия сари суҳбат нишаста бошанд.

Аз ин рӯ, шахсан ба аҳзоби сиёсии Точикистон таваҷҷух ва бовар надорам. Вакте онҳо маблағи кофӣ барои баргузории анҷуманхои худро надоранд, дар оянда аз онхо шукуфоиро интизор доштан аблаҳие беш нест. Онҳо, дар вокеъ, ноуҳдабароянд!!!

Каюмарс
XS
SM
MD
LG