Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистон ба Ҷомеъаи Иқтисодии Уруосиё пайваст


Ислом Каримов - раисиҷумҳурии Узбакистон имрӯз қонуни узвияти кишвараш дар Ҷомеъаи Иқтисодии Уруосиёро имзо кард. Ин созмон шомили Русия, Белорус, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон мешавад.

Санади узвияти Узбакистон дар ин созмон моҳи гузашта ба тасвиби маҷлисҳои улё ва суфлои порлумони Узбакистон расид.

Талоши муштараки кишварҳои узви ин гурӯҳ барои пайвастан ба Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ, ҳамгунсозии таъруфаҳои гумрукӣ ва танзими чораҳои муштарак дар заминаи амнияти марзӣ аз ҳадафҳои умдаи Ҷомеъаи Иқтисодии Уруосиёст.

Раванди пайвастани Узбакистон ба ин созмон соли гузашта оғоз шуд ва саранҷом имрӯз ба поён расид.
XS
SM
MD
LG