Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақобатҳо барои вуруд ба бозиҳои ниманиҳоӣ


Чаҳор дастаи лиги олии футболи Тоҷикистон - CSKA-и Душанбе, Регар» ТадАЗ-и Турсунзода, СКА «Помир»-и Душанбе ва «Вахш»-и Қӯрғонтеппа ба бозиҳои ниманиҳоӣ барои дарёфти ҷоизаи ёдбуди Рустам Долтабоев, яке аз поягузорони футболи тоҷик роҳ ёфтаанд.

СSKA - тими Вазорати дифоъи Тоҷикистон дар се бозӣ ҳафт имтиёз ба даст оварда, дар сабқати гурӯҳи «А» дар мақоми аввал қарор гирифт.

Тими дигари ин вазоратхона - СКА «Помир» бо панҷ имтиёз мақоми дуввумро соҳиб шуд. Дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода - барандаи Ҷоми футболи Тоҷикистон дар соли 2005 бо ҳафт имтиёз дар садри гурӯҳи «Б» қарор гирифт.

Тими «Вахш» -- қаҳрамони феълии футболи Тоҷикистон бо шаш имтиёз дар сабқати гурӯҳи «Б» мақоми дуввумро ишғол кард.

Бад-ин тартиб дар бозиҳои ниманиҳоӣ, ки рӯзи ҷумъа, 10 март дар варзишгоҳи «Автомобилист»-и шаҳри Душанбе баргузор мешавад, СSKA бо «Вахш» ва «Регар» ТадАЗ бо СКА «Помир» рақобат мекунанд.

Ва як хабари дигар барои ҳаводорони футбол ин аст, ки дастаи «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров барои ширкат дар мусобиқаи байналмилалӣ рӯзи панҷшанбе, 9 март ба шаҳри Шимкенти Қазоқистон сафар кард. Ин мусобиқа бо ширкати 18 дастаи футболи кишварҳои мустақилли ҳамсуд (СНГ) рӯзи 10 март оғоз мешавад.
XS
SM
MD
LG