Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кеши шахсият ва заминаҳои пайдоиши он


Ба эътиқоди Муъмин Қаноъат - шоъири барҷастаи тоҷик, кеши шахсият аз одоти ҷавомеъи ибтидоӣ ва бесаводу ноогоҳ ба шумор меравад. Муъмин Қаноъат мегӯяд, дар ҳоле ки бахши аъзами ҷомеъа аз одитарин ҳуқуқи инсонӣ бархурдор нестанд ва нақшу нуфузе бар сарнавишти худ надоранд, ба таври ногузир ба иродаи пешвои ҷомеъа вобаста мешаванд. Ба ақидаи оқои Қаноъат, ҳоло чунин ҳолро дар Тоҷикистон метавон мушоҳида кард:

"Кеши шахсият дар ҷомеъае эҷод мешавад, ки тафаккури ҷомеъа зери фишор аст ва поймол мешавад. Андешаҳоро, ҳамаи андешаҳоро, чандандеширо ва ҳамаи ақлҳову хирадҳои равшанро ё аз байн мебаранд ё зиндонӣ мекунанд ё баста мекунанд, ба хотири тасаллути як андеша ва як касе, ки ё қудрати бештар дорад ё имконоти бештар дорад... Тоҷикистон ҳам ба ҳамин дард гирифтор шудааст".

Вале ба бовари Исмоъил Раҳматов - коршиноси тоҷик, падидаи шахспарастӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз Шӯравии пешин ба мерос мондааст . Оқои Раҳматов афзуд, ки чун дар низоми давлатдории шӯравии пешин ҳамаи дастовардҳо ва комёбиҳо ба шахси нахуст нисбат дода мешуд, ҳоло низ мубаллиғон ва тарроҳони сиёсати расмӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ин суннатро идома медиҳанд. Коршиноси тоҷик мегӯяд, дар ҷомеъаҳое, ки фаъолияти созмон ва гурӯҳҳои сиёсӣ озод аст, шахспарастӣ зуҳур намекунад:

"Ба назари ман, кеши шахсият дар кишварҳо ва дар ҷомеъаҳое ба вуҷуд меояд, ки дар онҷо сохти тоталитарӣ побарҷост. Тавре ки аз таърихи ҳафтодсолаи шӯравӣ хабар дорем, кадом раҳбаре, ки дар сари ҳизб қарор дошт, ҳамеша парастиши шахсияти вай дар тӯли як, ду-се соли баъди ҳокимияташ ба вуҷуд меомад. Ва он кишварҳое, ки дар онҷо демократия вуҷуд дорад, фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ хеле васеъ ба роҳ монда шудааст ва ғайр аз аҳзоби сиёсӣ ҳамчунин гурӯҳҳо ва созмонҳои мухталифи иҷтимоъӣ вуҷуд дорад, ҳеҷ вақт кеши шахсият ба вуҷуд намеояд. Барои мисол, хидмати Шарл де-Гол дар Фаронса кам набуд, аммо парастиши шахсияти ӯ дар Фаронса ба вуҷуд наомад. Хидмати Гелмут Коҳл дар иттиҳоди Олмон хеле зиёд буд, лекин чун аҳзоби гуногуни сиёсӣ вуҷуд доранд ва ҷомеъа демократист, кеши шахсияти Ҳелмут Коҳл, ки ҳоло ҳам дар қайди ҳаёт аст, ба вуҷуд наомад".

Аммо Муҳиддин Кабирӣ - вакили Маҷлиси Намояндагон аз Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон муътақид аст, ки зуҳури кеши шахсият ва ривоҷи ин одат дар ҷомеъа бо фаъолияти атрофиёни мақоми аввали кишварҳо иртиботи бевосита доштааст. Оқои Кабирӣ меафзояд, атрофиёни раҳбар танҳо ба хотири манофеъи шахсӣ ва ҳадафҳои худ талош мекунанд, ки ҳатто авзоъи бади ҷомеъаро хуб ҷилва диҳанд, то ҳадде, ки мақоми аввалро низ ба он муътақид созанд:

"Фикр мекунам,ки барои ба вуҷуд омадани шахспарастӣ, бештар атрофиён муҳит месозанд. Чунки онҳо баъдан дар сояи шахси сохтаашон манфиъатҳои худро пиёда мекунанд. Ин фазосозиҳо ва ин шахсиятсозиҳо ҳамааш бо назардошти манфиъатҳои шахсии атрофиён ва як гурӯҳи муъайян аст. Барои тоҷикон як шоъир ва як мутафаккир, ки дар як ғоре зиндагӣ мекарда ва бисёр порсову покдоман буда, бештар аҳамият дорад ва он идеали шахсӣ қарор мегирад. Барои ҳамин, ин шахсиятсозиҳо ва ташвиқи кеши шахсият миёни тоҷикон дар солҳои ахир ва ба таври маснӯъӣ ба вуҷуд омадааст".

Ба ақидаи Шодӣ Шабдолов - раҳбари Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, кеши шахсият дар ин кишвар дар заминаи вогузории салоҳияти бештар ба раисиҷумҳурӣ ба вуҷуд омадааст. Вай гуфт, дар шароити нооромиҳои даҳаи ахири қарни гузашта нируҳои сиёсӣ ва порлумони кишвар ба ин натиҷа расида буданд, ки салоҳият ва ваколатҳои раиси ҷумҳур бештар шавад. Аммо ҳоло вазъият тағйир карда ва ҳифзи салоҳиятҳоии васеъи раҳбари давлат дар Қонуни асосӣ заминаро барои тавсеъаи кеши шахсияти ӯ фароҳам кардааст:

"Тамаркузи ин ҳама салоҳият дар дасти як мақом кори дурусте нест, чунки як кас аз ӯҳдаи ин қадар вазифа баромада наметавонад. Масъулияти ин қадар салоҳиятро бардоштан бениҳоят душвор аст".

Аммо Суҳроб Шарифов - раиси Маркази таҳқиқоти стротежики вобаста ба раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон муътақидаст, ки дар Тоҷикистон кеши шахсият ба он сатҳ ва дараҷае, ки дар кишварҳои ҳамсоя мушоҳида мешавад, нарасидааст. Аз сӯи дигар, оқои Шарифов тамаркузи қудрат дар дасти раисиҷумҳуриро дар марҳалаи гузор як амри табиъӣ медонад. Ҳамзамон оқои Шарифов аз қавли раисиҷумҳурии Тоҷикистон таъкид кард, ки нишонаҳои парастиши шахсияти худро Эмомалӣ Раҳмонов низ мушоҳида карда ва онро борҳо мавриди интиқод қарор додааст. Вай мегӯяд:

"Эмомалӣ Раҳмонов обрӯи баланду мутлақ дорад. Аммо дар бораи насби аксҳои президент дар кӯчаҳо президент худашон чандин маротиба амр карда буданд, ки ин чизҳо канор гузошта шаванд. Президент гуфта буд, ки равони мардуми мо ин гуна таърифро қабул нахоҳад кард. Ва ин хидмати хирсона аст ва инро президент худаш ба роҳбарони ниҳодҳои давлативу ноҳияӣ гуфта буд. Президент худаш гуфта буд, ки мо медонем, ки баъд аз даргузашти ин ё он сиёсатмадор ин аксҳо чи гуна натиҷа мебинанд".

Бад-ин тартиб, бештари таҳлилгарон ва пажӯҳишгарон муътақиданд, ки кеши шахсият як падидаи номатлуб аст, ки дар роҳи рушду нумӯи як ҷомеъаи озоду боз монеъ эҷод мекунад. Афзун бар ин, дар торих ҷараёни рӯйдодҳо дар баъзе кишварҳо собит сохтааст, ки кеши шахсият саранҷом боъиси вуқӯъи норизоиятӣ, исёну ошӯб ва ҳатто кудатоҳои давлатӣ низ шудааст.
XS
SM
MD
LG