Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баҳси барномаҳои ҳастаии Эронро акнун Шӯрои Амният идома хоҳад дод


Акнун парвандаи ҳастаии Эронро Шӯрои Амният (ША)-и Созмони Милали Муттаҳид ба баррасӣ хоҳад гирифт.
Раҳбари созмони ҷаҳонии назорати нирӯи ҳастаӣ Муҳаммад Бародай дирӯз дар поёни иҷлоси серӯзаи Шӯрои ҳуккоми ин созмон гуфт, гузориши ӯ дар бораи барномаҳои ҳастаии Эрон ба ША ироа мешавад, ки Эронро дар пешорӯи эҳтимоли таҳримоти байналмилалӣ қарор медиҳад. Ин гузориш Эронро дар надодани иттилоот, доштани барномаҳои марбут ба силоҳҳои ҳастаӣ ва саркашӣ аз тавқифи ғанисозии ураниум муттаҳам мекунад.
Муҳаммад Бародай аммо гуфт, нисбат ба мавзӯъи Эрон хушбин боқӣ мемона: "Ман ба хушбинии худ ба ҷой мемонам, чунки фикр мекунам, дер ё зуд ҳамаи тарафҳо ба ин ақида хоҳанд омад, ки интихоби дигаре ба ҷуз аз рафтан аз роҳи музокирот мавҷуд нест ва Эрон ҳам хоҳад дарк кард, ки онҳо ба шаффофият зарурат доранд. Агар онҳо мехоҳанд эътимоди ҷомиаи байналмилалиро барқарор кунанд, онҳо бояд аз тадобире кор бигиранд, ки ин девори эътимодро бино кунад."

Ноиби вазири хориҷаи Амрко Николас Бурнс дирӯз дар Конгресс эълом кард, ки Эрон ба манофеъи ҳаётии Амрико мустақиман таҳдид мекунад. Ӯ ҳамчунин гуфт, аъзои Шӯрои Амният дар садади иттихози як дидгоҳи воҳиде ҳастанд, ки ташаннуҷро аз рӯи мавзӯъи Эрон батадриҷ бардорад.Қаблан Амрико гуфта буд, дар сурати бар хилофи талаби ҷомиаи байналмилалӣ аз фаъолиятҳои ғанисозии ураниум сар накашидани Эрон, он кишварро пайомадҳои ногуворе дар пеш мунтазир хоҳад буд.

Аммо муовини дабири Шӯрои Олии Амнияти Миллии Эрон Ҷовид Ваъидӣ дар Вена ба хабарнигорон гуфт, агар Амрико аз ША таҳти таҳримот қарор додани Эронро тақозо кунад, ин кор сахт ба зиёнаш анҷом хоҳад шуд. Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров дар қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк гуфт, Маскав мухолифи истифодаи таҳримот ва ё иқдоми низомӣ ба хотири ҳалли баҳси ҳастаии Эрон аст.
XS
SM
MD
LG