Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузориши вазорати хориҷаи Aмрико дар бораи вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон


Дар бахши марбут ба Тоҷикистони гузориши ҳуқуқи башари вазорати хориҷаи Aмрико, ин кишвар як кишвари ҳамчунон худкомае тасвир мешавад, ки дар саҳнаи сиёсиаш нақши умдаро раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонов ва атрофиёни ӯ бозӣ мекунанд.Гузориш мегӯяд, вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон дар ҳоли бад боқӣ монда, фасодкорӣ ҳамчунон дар роҳи анҷоми ислоҳоти демокративу иҷтимоияш мониа эҷод мекунад.Гузориш аз интихоботи як сол пеши парлумони Тоҷикистон ёдовар шуда, мегӯяд, ин маърака ҷавобгӯи ҳама меъёрҳои қабулшудаи байналмилалӣ набуд, аммо бо ин вуҷуд пешрафтҳое доштааст ва чанд номзади мухолифин тавонистаанд ба ҳайъати парлумон роҳ ёбанд.

Истирдоди то ҳол пурасрори раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон Муҳаммадрӯзӣ Искандаров аз Маскав ба Душанбе ва маҳкум ба 23 соли зиндон шудани ӯ, ҳукми зиндони мудири бахши ҳуқуқи ҳукумати ноҳияи Айнӣ ва хабарнигор Ҷумъабой Толибов ва ҳукми корҳои ислоҳӣ ба ду хабарнигори ҳафтаномаи "Нирӯи сухан", аз фаъолият бозмондани чандин нашрияи мустақил аз мавориди интиқоди гузориши вазорати хориҷаи Aмрико аз вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон будаанд.

Гузориши солонаи вазорати хориҷаи Aмрико ҳаққи маҳдуди мардум барои табдили давлат, шиканҷаву озори маҳбусин аз сӯи ниҳодҳои амниятӣ, аз масъулият маъоф будани ин ниҳодҳо, боздоштҳои тӯлонӣ, мушкили равобити маҳбусин бо пайвандони онҳо, бар асоси танҳо эътирофи гуноҳ маҳкум кардани афрод, шароити ногувори зиндонҳо, бо роҳҳои ғайриқонунӣ мустарид шудани муттаҳамин аз кишварҳои дигар, маҳдудиятҳои мавҷуда дар роҳи озодии баёну озодии матбуот ва озодиҳои мазҳабӣ, радди дархости сабти номи аҳзоби сиёсӣ, таъқиби хабарнигорон ва созмонҳои ғайридавлатӣ, хушунат алайҳи зан ва нақзи ҳуқуқи занон, қочоқи инсон, истифода аз нирӯи кори атфол ва истисмори нирӯи корро аз мушкилоти барҷомондаи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон унвон кардааст.
XS
SM
MD
LG