Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё муноқиша бар сари Қарабоғ поёне дорад?


Шафақати Раҷабиён Намояндагони Фаронса, Русия ва Иёлоти Муттаҳидаи Омрико, ки раҳбарии муштараки Гурӯҳи Мински Созмони Амният ва Ҳамкории Урупоро ба уҳда доранд, тайи ҳафтаи ҷорӣ дар Вошингтун дидор хоҳанд дошт, то раисони ҷумҳурии Арманистон ва Озарбойҷонро пушти мизи музокирот оваранд. Раҳбарони Арманистону Озарбойҷон моҳи феврали гузашта дар ҳаволии шаҳри Порис дидор доштанд, аммо он нишаст ҳич натиҷае дар пай надошт. Эъломи торихи баргузории нишасте ҷадид миёни раҳбарони ин ду кишвар метавонад равобити танишолуди байни онҳоро то андозае одӣ созад. Ахиран миёни раисони ҷумҳурии Арманистон ва Озарбойҷон табодули изҳороти шадидуллаҳне сурат гирифтааст.

Гурӯҳи Минск, мураккаб аз 13 кишвари узви Созмони амният ва ҳамкории Урупо, аз соли 1992 бад-ин сӯ заминаеро барои гуфтушунудҳо барои ҳалли муноқишаи Қарабоғи Улё фароҳам кардааст. Пештар Стивен Манн - сафири Иёлоти Муттаҳидаи Омрико ва яке аз раҳбарони ин гурӯҳ изҳори умедворӣ карда буд, ки дар зарфи соли ҷорӣ эҳтимолан барои ҳалли муноқиша бар сари Карабоғ роҳе пайдо хоҳад шуд, зеро на Арманистон ва на Озарбойҷон дар ин сол интихоботе надоранд.

Кори Велт - муъовини Барномаи Русия ва Уруосиё дар Маркази мутолеъоти истротежик ва байналмилалӣ мустақар дар Вошингтун бар ин бовар аст, ки таъкиди оқои Манн бар имкони дастрасӣ ба тавофуқ дар соли ҷорӣ "бештар аз фарти навмедӣ бармеояд, то аз хушбинӣ":

"Вай рӯи ин нукта таъкид мекунад, ки дастрасӣ ба тавофуқ тайи соли равон зарурист, зеро бими он ҳаст, ки агар ин кор имсол сурат нагирад, равзанаи умед барои дастрасӣ ба созиш батамом баста хоҳад шуд. Чаро ки баъд аз он ҳар ду кишвар интихобот доранд. Яке соли оянда ва дигарӣ соли 2008. Талоше, ки гурӯҳи Минск ҳамакнун анҷом медиҳад, ворид овардани фишор бар ҳар ду тараф аст ва мутақоъид сохтани онҳо ба ин ки акнун фурсат муносиб аст. Агар ду тараф мутақоъид нашаванд, ҳар ду даргири масоили дохилӣ хоҳанд шуд ва хич кадом эҳтимолан аз ҳимояти берунӣ бархурдор нахоҳанд буд".

Оқои Велт мегӯяд, ки шояд доштани интизороте камтар аз нишасти ин ҳафта маъқултар бошад:

"Ин наҳваи эъмоли фишор ва доштани ин ҳама интизорот аз як раванд дар зарфи як сол дарди сари фаровоне дорад. Ин як корзори бисёр душвор аст ва агар ҳадафҳои мавриди назари Гурӯҳи Минск имсол амалӣ нашавад, хатари он вуҷуд дорад, ки анҷоми талоши бештар барои оштӣ додани ду миллат тақрибан ба дур аз имкон шавад".

Музокироти Гурӯҳи Минск дар пайи табодули изҳороти тунде миёни Роберт Кучориён - раисиҷумҳурии Арманистон ва Илҳом Алиев - ҳамтои озарии ӯ сурат мегирад. Оқои Алиев рӯзи якуми март гуфт, ки гуфтушунуди кишвараш бо Арманистон бар сари Қарабоғи Улё ба бунбаст расида ва хостори "озодсозии Қарабоғ ба ҳар қимати мумкин" шуд. Як рӯз баъд аз он оқои Кучориён таҳдид кард, ки дар сурати канор рафтани Озарбойҷон аз идомаи музокирот Арманистон минтақаи Қарабоғи Улёро ба расмият хоҳад шинохт.

Лиз Фуллер - таҳлилгари масоили Қафқоз дар Родю Урупои Озод/Родю Озодӣ мегӯяд, ки оқои Алиев ҳарфи тозае назада, вале вай афзуд:

"Ин пурсиш ҳам матраҳ аст, ки оё Нирӯҳои мусаллаҳи Озарбойҷон тайи даҳ соли ахир ба андозае нирӯманд шудаанд, ки артиши Арманистонро шикаст диҳанд ё на. Серге Саркисиён - вазири дифоъи Арманистон мегӯяд, ки суханони мақомоти озариро бештар ба масобеҳи фишору таҳдиди лафзӣ баррасӣ мекунад, на ба унвони як таҳдиди воқеъӣ. Вай ҳамчунин гуфт, ки агар қарор аст ба душманат шабехун бизанӣ, набояд аз қабл қасди худро эълом кунӣ".

Бону Фуллер бар ин назар аст, ки шикасти музокироти раҳбарони ду кишвар дар Рамбулйе, дар ҳаволии Порис, бештар ҳокӣ аз як "ақибгашти ҷузъӣ"-ст то як "мусибати умда". Вай фароянди Минскро дар кулл як иқдоми мусбат медонад, ки соли 2001 наздик буд ба тавофуқи сулҳ миёни тарафҳои даргир даст ёбад. Вай мегӯяд:

"Раванди феълӣ ду сол қабл аз он оғоз гирифт, ки Элмар Маммадёров дар мақоми вазорати хориҷаи Озарбойҷон ҷойгузини Вилоят Қулиев шуд ва вазирони хориҷаи ду кишвар нахуст дар Прог ва сипас дар дигар шаҳрҳои Урупо пайваста бо ҳам дидор доштанд. Ва ба баракати саҳми ҳамон вазирон буд, ки талошҳои раҳбарони Гурӯҳи Минск ҳам ба ҷое расид ва тарафҳо тадриҷан ҳафт асл аз нуҳ асли умдаи сулҳро пазируфтанд. Ин усул шолудаи тавофуқи сулҳи фарогиреро шакл медиҳад".

Лиз Фуллер меафзояд, ки агар раҳбарони ҳар ду кишвар андаке иродаи сиёсӣ ба харҷ диҳанд, эҳтимоли дастёбӣ ба тавофуқ бар сари ҳамаи усули истиқрори равобити мусолиматомез миёни Арманистону Озарбойҷон дар зарфи соли ҷорӣ ҳанӯз боқист.
XS
SM
MD
LG