Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузориши Ожонси ҳастаӣ дар бораи Эрон баррасӣ мешавад


Иёлоти Муттаҳидаи Омрико аз Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид хостааст, ки ҳар чи зудтар ба баррасии барномаи ҳастаии Эрон бинишинад. Ба гуфтаи Грегори Шолт - сафири Омрико дар Ожонси байналмилалии энержии ҳастаӣ, давлати Эрон амдан дар ҳоли гӯл задани ҷомеъаи байналмилалист.


Ин суханонро оқои Шолт дар мақарри Ожонс дар шаҳри Вен ирод кард, ки барои севвумин рӯзи мутаволӣ умдатан мавзӯъи барномаи ҳастаии Эронро баррасӣ мекунад. Имрӯз аъзои Шӯрои ҳуккоми бунёди ҳастаии СММ як гузориши калидии ин муассиса ба Шӯрои амнияти СММ-ро мутолеъа мекунанд.


Дар ин гузориш, ки тавассути Муҳаммади Бародеӣ - раиси Ожонси байналмилалии энержии ҳастаӣ тадвин шуда, омадааст, ки Эрон бо сарпечӣ аз тақозои ҷомеъаи байналмилалӣ фаъолиятҳои худ дар заминаи ғанисозии урониюмро аз сар гирифтааст. Аммо ин гузориш Эронро ба талоши маҳрамона барои тавлиди ҷангафзори ҳастаӣ муттаҳам намекунад.


Давлати Омрико зимни интишори баёнияе гуфт, дар сурате ки Теҳрон даст аз пажӯҳишҳои ҳастаии худ бар надорад, дучори "паёмадҳое" хоҳад шуд. Чи будани "паёмадҳо" дар ин баёния тавзеҳ дода нашудааст.


Иттиҳодияи Урупо низ аз давлати Эрон хост, ки тамомии пажӯҳишҳои ҳастаии худро мутаваққиф кунад, вагарна бо фишори Шӯрои амният мувоҷеҳ хоҳад шуд.


Ҷаводи Ваъидӣ - муъовини Шӯрои олии амнияти миллии Эрон дар гуфтугӯ бо хабарнигорон дар Вен ҳушдор дод, ки ирҷоъи парвандаи ҳастаии Эрон ба Шӯрои амнияти Созмони Милал барои эъмоли иқдомоти танбеҳӣ ба беҳбуди кор нахоҳад анҷомид. Оқои Ваъидӣ гуфт, ки шояд Эрон дар оянда сиёсати содироти нафти худро бознигарӣ кунад.
XS
SM
MD
LG