Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмонов аз нақши зан дар ҷомеаи Тоҷикистон ситоиш намуд


Ҳукумати Тоҷикистон бо ҳадафи дастгирии ҳар чи бештари занони эҷодкор тасмим гирифтааст дар соли равон 20 тарҳи кӯмаки билоиваз ихтисос бидиҳад.Эмомалӣ Раҳмонов раиси ҷумҳури Тоҷикистон зимни ҳамоиши идона,ки бо ҳузури беш аз ҳазор занон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд,бо эъломи ин хабар гуфт ҳаҷми ҳар кадом тарҳи мавриди назар аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ ва ё муодили якуним то дувуним ҳазор доллари амрикоиро ташкил хоҳад дод.Раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт ироаи ин кӯмакҳо ба ташвиқу ҷалби бештари бонувон ба корҳои илмиву маърифатӣ мусоидат хоҳад намуд.Эмомалӣ Раҳмонов раиси ҷумҳури Тоҷикистон,ки дар ҳузури модарону хоҳарон ба ифтихори рӯзи байналмилалии бонувон сухан мегуфт,ҳамчунин иттилоъ дод,ки барои ҳавасмандсозии ҷавондухтарони навоҳии дурдасти кишвар ба иломӯзӣ,ҳаҷми квотаи президентӣ дар чор соли оянда ду баробар боло бурда мешавад.Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин иброз дошт,ки дар соли ҷорӣ қарор аст дар пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе як хобгоҳи замонавӣ барои 350нафар ҷавондухтарони донишҷӯ,ки ҷойи зист надоранд бунёд гардад.Раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо ишора ба мушкили бекорӣ дар миёни занону духтарон гуфт,бо таваҷҷӯҳ ба тарҳи бунёди панҷ меҳмонхонаи замонавӣ ва як корхонаи бузурги бофандагиву ресандагӣ дар шаҳри Душанбе,интизор меравад то якуним соли дигар беш аз 10 ҳазор нафар занону духтарон соҳиби маоши баланд ва ҷойи корӣ гарданд.Дар нишасти идона ба муносибати иди занон таъкид шуд,ки Тоҷикистон аз лиҳози ҷалби занону духтарон ба умури давлативу ҷамъиятӣ миёни кишварҳои собиқ шӯравӣ дар мақоми аввал қарор дорад.
Бар асоси омори расмӣ имрӯз дар Тоҷикистон 15 дарсади вазифаҳои масъули давлатӣ ба зиммаи занон буда,ҳамзамон 24 дарсади хизматчиёни давлатиро дар ин кишвар намояндагони ҷинси латиф ташкил медиҳанд.Дар ҳамин ҳол ҳузури занон дар порлумони ин кишвар низ назаррас арзёбӣ мешавад.Феълан дар ҳайъати Маҷлиси миллии Тоҷикистон чаҳор нафар зан узвият дорад ва аз шумори умумии аъзои Маҷлиси намояндагон 11 нафарро занон ташкил медиҳанд.
XS
SM
MD
LG