Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имтиҳонро кӣ бигирад?


Вазорати маорифи Тоҷикистон бо ҳадафи таъмини шафоффияти қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ аз соли оянда дар назар дорад, ки маркази ягонаи миллии имтиҳонгирии тестиро таъсис диҳад, мегӯяд Фарҳод Раҳимов муовини вазири маорифи кишвар. Бар тибқи ин низоми нав, довталабон имтиҳоноти дохилшавиро дар ин марказ супурда, баъдан ихтиёран донишгоҳи дилхоҳашонро интихоб мекунанд.
Фарҳод Раҳимов мегӯяд: «Мо ба пуррагӣ гуфта наметавонем, ки дар соли аавал марказ тамоми муассисаҳои таълимии олиро фаро гирифта метавонад. Пеш аз ҳама бояд ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқиро омода намоем. Мо пешниҳод менамоем, ки он ҳамчун як воҳиди мустақил дар назди ҳукумати ҷумҳурӣ таъсис ёбад, на дар назди вазорат. Фикр мекунам, ки ҷараёни қабули донишҷӯёнро ин марказ дар солҳои оянда бояд пурра ба ӯҳда гирад.»

Вазорати маориф дар ҳоли ҳозир аз пайи таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномарезии заминаи моддиву фаннии маркази миллии имтиҳонгирӣ будааст. Фарҳод Раҳимов меафзояд: «Албатта, ин масъала мураккаб аст ва бояд пеш аз ҳама заминаи моддиву фанниамонро муҳайё кунем ва шабакаи компютерӣ таъсис диҳем. Ҳамчунин мушкилоте, ки метавонанд дар рафти қабули имтиҳон сар зананд, онро пешбинӣ намуда, роҳҳои ҳалли онро пайдо кунем. Мехоҳем бо мақсади омӯзиш мутахассисонро ба марказҳои ҳамсони кишварҳои Қирғизистон, Қазоқистон ва Русия фиристем ва аз таҷрубаи онҳо биомӯзем.»

Ба гуфти Фарҳод Раҳимов, баъзан ҳангоми қабули довталабон ба муассисаҳои олии кишвар ҳодисаҳои ситонидани ришва ба назар мерасад ва имрӯз чун дигар кишварҳои ҳамсоя Тоҷикистонро низ роҳандозии чунин як низом ниҳоят зарур аст. Ӯ мегӯяд: «Ба хотири пешгирии ҳамин амалҳои нохуб мо ба ин иқдом даст задем.»

Бобоҷон Мирзоев, сардори шӯъбаи таълими донишгоҳи кишоварзӣ мегӯяд, таъсиси маркази миллии имтиҳонгирӣ метавонад дар роҳи рушди маориф ва бартаарф кардани мушкилоти мавҷудаи ин соҳа мусоидат кунад: «Мо муддати чанд сол аст, ки тариқи тест имтиҳон қабул мекунем ва агар мо ин шакли қабули имтиҳонро дар як марказ амалӣ кунем, беҳтар аст. » Бобоҷон Мирзоев пешниҳод мекунад, ки дар ҳайати кумиссиюни имтиҳонгирии маркази мазкур намояндагони ҳамаи донишгоҳҳоро шомил кунанд: «Намояндагони донишгоҳҳо талаботи донишгоҳҳои худро беҳтар медонанд.»

Фарҳод Раҳимов, муовини вазири маорифи кишвар мегӯяд, барои таъсиси маркази ягонаи тестӣ корҳои зиёдеро ҳанӯз бояд анҷом дод ва вазорати маориф кӯшиш мекунад фаъолияти онро дар сатҳи баланд ба роҳ монад.
XS
SM
MD
LG