Пайвандҳои дастрасӣ

Маҳкумияти ёрони Маҳмуд Худойбердиев


Додгоҳи вилояти Суғд дирӯз муҳокимаи парвандаи шаш тан аз тарафдорони сарҳанги шӯришӣ Маҳмуд Худойбердиевро ба поён расонд. Ин афрод ба ширкат дар ҳамлаи мусаллаҳона ба шимоли Тоҷикистон бо қасди анҷоми табаддулоти давлатӣ дар моҳи ноябри соли 1998 муттаҳам мешуданд. Бино ба хабари дафтари матбуъотии додситонии вилояти Суғд, додгоҳ ин 6 нафарро ба 15 то 18 сол зиндон маҳкум кардааст.

Дар пайи ҳамлаи нокоми соли 1998, беш аз 150 нафар бо иттиҳоми ширкат дар балво ба зиндон кашида шуда, қисме дигар аз тарафдорони Маҳмуд Худойбердиев, бо шумули худи ӯ аз Тоҷикистон фирор карданд. Аз он ба баъд Маҳмуд Худойбердиев амалан аз саҳна хориҷ шуд ва ба ҷуз аз чанд мусоҳиба, ки он ҳам дар солҳои 1999 ва 2000 бо хабарнигорони рус дошт, ӯ дигар аз худ дарак надодааст. Дар ин муддат чанд бор овозаи марги Худойбердиев ҳам паҳн шуд, вале ҳақиқати ин хабарро ҳеҷ як манбаъи мувассақ то ҳол тасдиқ накардааст.
XS
SM
MD
LG