Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии донишгоҳи Коламбия ба баҳси тағйироти иҷтимоӣ дар Осиёи Миёна


Латифи Латиф

Рӯзи панҷшанбе, 9 март дар Донишгоҳи Коламбияи шаҳри Ню Йорк донишмандону сиёсатмадорон аз Амрико ва аз ҳамаи 5 кишвари Осиёи Марказӣ ба ҷанбаҳои тағйироти иҷтимоии иттифоқуфтода дар ин қаламрави пасошӯравӣ хоҳанд пардохт. Дар ин анҷуман 4 нафар, аз ҷумла муовини аввали раиси Ҳизби Наҳзати Исломӣ ва узви парлумони кишвар Муҳиддини Кабирӣ ва яке аз муассисони маҷаллаи "Равзана" ва корманди пажӯҳишгоҳи ҳуқуқ ва фалсафаи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон Муҳиба Муҳаммадҷонова,аз Тоҷикистон намояндагӣ хоҳанд кард. Муҳиба Муҳаммадҷонова ба радиои Озодӣ гуфт, ки дар ин анҷуман дар бораи таҳаввулоти иттифоқуфтода бо занони тоҷик дар асри ХХ ва дар чанд соли аввали асри ҳолӣ сухан хоҳад ронд. Ӯ мегӯяд, бо вуҷуди мушкилоти мавҷуд нақши занон дар таҳаввулоти иҷтимоии Тоҷикистон бориз боқӣ мемонад, ки як далелаш бо ибтикор ва ё таҳти раҳбарии занон таъсис ёфтану амал кардани 850, яъне ҳадди аксар аз тақрибан 1 500 созмони ғайридавлатии фаъол дар Тоҷикистон аст.

Интизор меравад, дар ин анҷумани илмиву таҳқиқотӣ таҳти унвони "Ҷанбаҳои тағйироти иҷтимоӣ дар Осиёи Миёна" коршиносони амрикоӣ ва донишмандону сиёсатмадорон аз кишварҳои минтақа суханронӣ кунанд.
Латифи Латифӣ, Ню-Йорк
XS
SM
MD
LG