Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирузии камонварони пойтахт


Дастаи мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ дар сабқати мардон пирӯз шуд. Дар рақобатҳои инфиродӣ миёни занон Албина Камолиддинова аз шаҳри Душанбе ғолиб омад. Боз ду камонвари душанбегӣ -- Фирӯза Зубайдова мақоми дуввум ва Зӯҳро Тағоева мақоми севвумро ишғол карданд. Сабқати мардон бо ғалабаи Абдуғаффор Рустамов аз шаҳри Хуҷанд хотима ёфт. Тилло Саидов ва Рушан Соколов , ҳарду аз Душанбе мутаносибан дар мақоми дуввуму севвум қарор гирифтанд.Наргис Набиева, мураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, камонварони тоҷик имсол ва соли оянда дар мусобиқоти байналмилалӣ барои ба даст овардани роҳхат ба Бозиҳои олимпӣ дар Пекин талош хоҳанд кард. Ва ба андешаи ӯ дар сурати фароҳам сохтани шароити зарурӣ барои рушди камонварӣ дар кишвар ва ширкати ҳарчӣ бештари варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти байналмилалӣ аз байни онҳо боз қаҳрамонҳои ҷаҳону барандагони ҷоизаҳои олимпӣ ба воя мерасанд.
XS
SM
MD
LG