Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саҳми муҳоҷирони корӣ дар иқтисоди Тоҷикистон


Тибқи иттиллои мақомоти Тоҷикистон муҳоҷирони кории тоҷик дар соли 2005 ҳудуди 600 миллион доллари амрикоӣ тавассути бонкҳо вориди кишвар кардаанд. Файзулло Холбобоев - намояндаи Тоҷикистон дар Иттиҳоди иқтисодии кишварҳои АвруОсиё, зимни як нишасти хабарӣ гуфт, дар ҳоли ҳозир 85 дар сади муҳоҷирони кории тоҷик маблағҳои худро аз тариқи бонкҳо интиқол медиҳанд ва феълан беш аз 22 фоизи пулҳои онҳо дар бонкҳои кишвар гардиш мекунад:

"Хушбахтона, ҳоло бовари муҳоҷирони корӣ ба бонкҳо зиёд шудааст ва беш аз 80 дар сади онҳо пулҳои худро аз тариқи бонкҳо мефиристанд ва дар бонкҳо пулҳои худро нигоҳ медоранд, ки ин дар рушди иқтисоди кишвар ва беҳбуди зиндагии хонаводаҳои онҳо кумак мекунад".

Ин дар ҳолест, ки Мирзо Бобоев- раиси маркази дастгирии ҷамоатҳои ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон аз фаъолияти номуназзами бонкҳои маҳаллӣ шикоят кард. Вай афзуд, ба иллати мунтазам фаъолият накардани бонкҳои маҳаллӣ муҳоҷирон пулҳои худро ночор ба бонкҳои Душанбе ва маркази вилоят мефиристанд, ки дар натиҷа хонаводаҳо наметавонад саривақт дастрас кунанд. Аз тарафи дигар, дар сурати ворид шудан ба бонкҳои маҳаллӣ ин маблағҳо метавонистанд дар роҳи рушди иқтисоди музофотҳо мусоидат кунанд. Бобоев мегуяд:

"Масалан, ҳар моҳ дастикам 50 ҳазор доллар муҳоҷирони ноҳияи мо аз тариқи бонкҳо пул мефиристанд, аммо аз он ки бонки ноҳияи мо мунтазам фаъолият надорад, онҳо маҷбур мешаванд, ки пулҳояшонро ба бонкҳои Душанбе ё Кӯлобу Қӯрғонтеппа фиристанд, ки барои ноҳияи мо наметавонад муфид бошад".


Аммо шуморе аз муҳоҷирони кории тоҷик, ки тоза аз мусофирати Руссия баргаштаанд, аз фаъолияти хуби бонкҳои кишвар дар соли гузашта изҳори қаноатмандӣ карданд. Онҳо гуфтаанд, ки истифода аз хадамоти бонкӣ як роҳи осон ва муносиби интиқоли маблағҳо мебошад, ки ҳам барои хонаводаҳо ва ҳам барои равнақи низоми бонкии кишвар мусоидат мекунад. Коршиносони умури иҷтимоӣ мӯътақиданд, ки дар сурати танзими дурусти хадамоти бонкӣ ва роҳандозии истифодаи дуруст аз маблағҳои воридшуда иқтисоди кишвар беҳбуд меёбад. Аммо Раъно Охунова- раиси созмони ғайридавлатии «Зан ва интихобот» пешниҳод мекунад, ки бонкҳои кишвар бояд қисме аз фоидаи худро, ки аз маблағҳои фиристодаи муҳоҷирин ба даст меояд, барои таҳсил ва табобати оилаҳои муҳоҷирин масраф кунад:


"Маълум аст, ки бонкҳо аз ҳисоби маблағҳои фиристодаи муҳоҷирон фоидаи зиёд мебинад. Чаро ин пулҳоро барои зиндагии оилаҳои муҳоҷирон, таҳсили фарзандони онҳо масраф накунанд?"

Ба ақидаи коршиносон, маблағҳои воридкардаи муҳоҷирин аз тариқи бонкҳо аз буҷҷаи солонаи давлат ду маротиба бештар будааст.
XS
SM
MD
LG