Пайвандҳои дастрасӣ

Идомаи баррасии барномаи ҳастаии Эрон


Имрӯз Шӯрои ҳуккоми Ожонси байналмилалии энержии ҳастаӣ мураккаб аз намояндагони 35 кишвари ҷаҳон барои дуввумин рӯзи мутаволӣ мавзӯъи сарпечии Эрон аз қатъи амалиёти ғанисозии урониюмро баррасӣ мекунанд.


Николас Бурнз - муъовини вазири хориҷаи Иёлоти Муттаҳидаи Омрико гуфт, ки Эрон бо фаъолияти худ дар заминаи ғанисозии урониюм аз "хатти сурхи байналмилалӣ" фаротар рафтааст. Вай афзуд, агар Эрон тамоми фаъолиятҳои ҳастаии худро ба ҳолати таълиқ дарнаёварад, Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ночор аз дахолат дар ин масъала хоҳад шуд.


Дар ин миён, давлати Чин аз Эрон хостааст, ки дар заминаи барномаи ҳастаиаш бо бунёди ҳастаии Созмони Милал ҳамкории тамому комил дошта бошад ва ҳамчунон изҳори умедворӣ кардааст, ки ин мушкилро метавон дар чорчӯби Ожонс ҳаллу фасл кард.


Рӯзи душанбе (6 март) Муҳаммад Бародеӣ - раиси Ожонси байналмилалии энержии ҳастаӣ гуфт, ки умедвор аст тайи ҳудуди як ҳафтаи дигар дар бораи Эрон тавофуқе ҳосил шавад, вале ӯ афзуд, ки Ожонс ба тасвире шаффоф аз фаъолиятҳои ҳастаии Эрон ниёз дорад.
XS
SM
MD
LG