Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нӯшобаи "Кока-кола" дар ... меҳмонсарои "Ҳаёт Реҷенси"


Дар нишасти тоҷирони тоҷику турк дар Душанбе эълон шуд, ки Туркия қасд дорад дар пойтахти Тоҷикистон як корхонаи махсуси тавлиди КокаКола таъсис диҳад. Ҳазинаи бунёди чунин корхона 25-30 миллион доллар ҳисоб шудааст, вале тарҳи сохтмонро бояд аввал раҳбарияти Тоҷикистон таъйид кунад.

Бонки марказии Аврупо фоизи солонаи баргаҳои раъйро 2,5 дарсад таъйин кардааст, ки назар ба мизони қаблиаш 10 дарсад бештар аст. Тайи 5 соли гузашта фоизи баргаҳои қарзи Бонки Аврупо ба ҳадди 2 дарсад бетағйир барҷой монда буд, вале аз моҳи декабр ба ин сӯ ин фоиз 20 дарсад боло рафтааст.

Танҳо тайи моҳи январ тавассути бонкҳои Тоҷикистон аз кишварҳои хориҷӣ 44 миллион доллар пул таҳвил ёфтааст. Дар ҳамин давраи соли гузашта ба Тоҷикистон тавассути бонкҳо танҳо 35 миллион доллар таҳвил шуда буд. Феълан дар Тоҷикистон 11 бонк амал мекунад, ки якеаш давлатӣ, дуаш хориҷӣ ва 8 бонки дигараш тиҷоратианд.

Ширкати финнии "Нокиа" саҳмаш дар бозори телефонҳои мобайл ба 2 дарсади дигар боло бурда, акнун 35 дарсади ин бозорро ба худ ихтисос додааст. Саҳми ширкати "Моторола" - рақиби аслии "Нокиа" дар ин бозор - ду баробар камтар аз "Нокиа", яъне наздики 18 дарсад аст. "Самсунг" - 12 дарсад, "Эл Ҷи" - каме бештар аз 7 ва "Сони Эрикссон" каме камтар аз 7 дарсади бозори телефонҳои ҳамроҳи ҷаҳонро дар ихтиёр доштаанд.

Ва рӯзи чоршанбе дар пойтахти Тоҷикистон расми гузоштани хишти аввали сохтмони меҳмонхонаи панҷситорадори "Ҳаёт Реҷенси" доир шуд. Ин меҳмонсарои дувоздаҳқабата бар пояи 65 миллион доллар сармоягузориии ширкати "Русские Отели" то як соли дигар дар ҳудуди се гектар замин дар соҳили кӯли Комсомол бино хоҳад шуд. "Русские Отели" ба сармоягузори рус Олег Дерипаска тааллуқ дорад. Ширкатҳои марбут ба Дерипаска тайи 10 соли оянда ба иқтисоди Тоҷикистон ваъдаи тақрибан якуним миллиард доллар сармоягузорӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG