Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду нигоҳ ба як мушкил


Шафақати Раҷабиён Ахиран чанд тан аз коргардонони филмхое, ки дар ҷашнвораи филмхои мустанади Прог зери унвони "Як ҷаҳон" ширкат мекунанд, аз родю Урупои Озод / Родю Озодӣ боздид карданд. Дар ин миён Георгий Дзалаев, коргардоне аз Тоҷикистон низ бо филми ҷадидаш "Пенелопи нав" ҳузур дошт. Чашнвораи "Як ҷаҳон" вижаи филмхои мустанадест, ки дар мавриди вазъияти ҳуқуқи башар дар кишварҳои мухталиф таҳия шудаанд.

Дар ин ҷашнвора филмхо аз даҳҳо кишвари ҷаҳон ба намоиш дармеояд ва бисёре аз онҳо марбут ба масоилест, ки дар кишварҳои Шуравии пешин пешорӯи занон қарор дорад. Дар ин миён ду филм дар бораи сарнавишти талхи занон дар Қирғизистон ва Тоҷикистон аст, ки шавхаронашон зани дуввум ихтиёр кардаанд.


Коргардон Георгий Дзалаев ибтидоан қасд дошт дар бораи мухоҷирони кории тоҷик дар Русия филм бисозад, вале дар ҷараёни филмсозӣ вай бештар ба сарнавишти бозмондагони мухоҷирон дар Тоҷикистон, ба вижа занон алоқа зоҳир кард. Номи асари вай "Пенелопи нав" аст, ки ишораест ба ҳамсари Улиссес - каҳрамони устураии Юнони Бостон, ки тайи солхои дароз мунтазири бозгашти шавхараш аз Одиссей буд.

Дар конуни таваҷҷухи ин филм чанд зан қарор доранд, хар кадом бо чанд фарзанд, ки шавҳаронашон онҳоро ба дасти сарнавишт раҳо кардаанд. Яке аз нукоти филм ин аст, ки бисёре аз мардхо "зани аввал"-и худро аз мавҷудияти зани дуввумашон огоҳ намекунанд. Оқои Дзалаев мегуяд, ки харчанд чандҳамсарӣ дар Тоҷикистон, монанди соири кишварҳои Осиёи Миёна, гайриқонунӣ маҳсуб мешавад, аммо аз ҷумла ба хотири вазъияти бади иқтисодӣ, як амри маъмулист:

"Акнун дар як чунин вазъият мавориди фаровони чандҳамсарӣ воқеъ шуда, ба вижа дар пайи тағйири вазъияти иктисодӣ ба дунболи фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва бурузи дубораи нақши ислом, ки тайи даврае тулонӣ пинҳону пӯшида буд".


Дзалаев таъкид кард, ки бино ба қавонини ислом барои як мард доштани чаҳор зан муҷоз аст, вале ин як амри фарзу ногузир нест. Вай афзуд, ки ҳатто агар марде зани дуввум, севвум ё чаҳорум ихтиёр кунад, вай муқаддаматан бояд аз зани нахуст ё дигар занони худ иҷоза бихоҳад.

Оқои Дзалаев гуфт, ки тақрибан ҳамагӣ аз мушкилоти ношӣ аз чандҳамсарӣ огоҳанд, аммо дар ин бора ҳич баҳсе сурат намегирад.

"Касе ин мавзӯъро таҳлил намекунад, ки оё чандҳамсарӣ кори дурустест ё на".

Вале он гуна ин филм нишон медиҳад, дар мавориде мардоне, ки ба хориҷ азимат мекунанд, дигар ба хонаву кошонаи худ барнамегарданд. Дар натиҷа, зане, ки танҳову бесаробон мондааст, издивоҷ бо як марди мутааҳҳилро мепазирад, то худ ва фарзандонашро таъмин кунад. Он гуна ки дар филми "Пенелопи нав" мебинем, баъзан як мард қабл аз муҳоҷират ба хориҷ бори фарзандонаш аз издивоҷи аввалашро низ ба дӯши зани дуввуми худ ҳавола мекунад. Бархе аз мардон зоҳиран ба ҳамин содагӣ аз издивоҷи нахусти худ хаста мешаванд ва суроғи зане дигар ва маъмулан ҷавонтарро мегиранд. Маъмулан зани нахуст аз қудрати интихоб ё эътироз бебаҳра аст.

Ноила Раҳмадиева - коргардони қирғизи филми "Элечек" рӯи сарнавишти як зан мутамаркиз шудааст. Сайраш занест, ки ба дунболи издивочи шавҳараш бо зане дигар, шавҳарашро тарк мекунад. Бону Раҳмадиева мегӯяд, далели интихоби ин мавзӯъ басомади вуқӯъи ин гуна маворид аст:


"Чандҳамсарӣ дар ҳоли табдил шудан ба як амри одиву маъмулист ва ҷомеъа дар ҳоли пазируфтани ин воқеъияти ногувор аст ва бисёре аз мардум дигар онро як мушкил намедонанд. Ҷолиб аст, ки мардум ба чандҳамсарӣ одат мекунанд ва ҳатто талоше барои мубориза бо он сурат намегирад. Ман афроди бисёреро медонам, ки бо ин мушкил рӯбарӯ шудаанд, бо ин ки аксаран комилан мудерну таҳсилкарда ва мутамаддин ҳастанд, вале ба далоиле ин иттифоқ бо онҳо уфтодааст".

Бону Раҳмадиева афзуд, ки ин мушкил ҳам дар шаҳрҳо ва ҳам дар рустоҳо машҳуд аст ва танҳо бо Қирғизистону Тоҷикистон маҳдуд намешавад.

Аммо ҷомеъаҳои падарсолори Осиёи Миёна дар кулл нигарони вазъияти бади занон нестанд. Ин дар ҳолест, ки онҳо беш аз ҳафтод сол дар таркиби Иттиҳоди Шӯравӣ буданд, ки дар назария барои занону мардон ҳуқуқи баробар қоил буд. Аммо филмҳое ба монанди "Пенелопи нав" ва "Элечек" ба ин муъзал равшание тоза меандозанд.
XS
SM
MD
LG