Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАНСМИТ: Мушкили дарёфти иттилоъот дар Тоҷикистон


ШР Ширкаткунандагони як кунфронси саросарӣ зери унвони “Дастрасӣ ба иттиллоъот: дурнамо ва дастовардҳо» дар Душанбе гуфтаанд, ки бархе аз вазоратхонаҳо ва идороти давлатии Тоҷикистон бо хабарнигорон ва расонаҳои гурӯҳӣ ҳамкории кофӣ надоранд. Ин нишаст ба ибтикори НАНСМИТ ё Анҷумани расонаҳои гурӯҳии мустақили Тоҷикистон баргузор шуд. Абдулфаттоҳ Воҳидов – муъовини раиси ин созмон дар бораи ҳадафи баргузории ин нишаст гуфт: "Дар ин кунфронс як навъ натиҷагирӣ аз фаъолияти яксолаи ҳамкории ниҳодҳои давлатӣ ва дафтари матбуъотии онҳо бо расонаҳои хабарӣ ва рӯзноманигорон сурат гирифт". Ҷаноби Воҳидов афзуд, натиҷагирӣ аз нишастҳои хабарӣ, ки чанде қабл дар вазоратхонаҳову идораҳо баргузор шуд, равшан кард, ки вазорати беҳдошт ва вазорати умури изтирории Тоҷикистон бештар аз соири ниҳодҳои давлатӣ дар роҳи дарёфти иттилоъот аз сӯи хабарнигорон монеътарошӣ кардаанд: "Вақте журналистон ба ин вазоратҳо барои гирифтани итиллоьот муроҷеьа мекунанд, онҳо баҳона пеш меоранд ва аз онҳо мехоҳанд, ки аввал аз мақомоти вазорат иҷоза бигиранд. Дар натиҷа иттилоъоти мавриди назар куҳна мешавад". Ширкаткунандагони нишасти «Дастрасӣ ба иттиллоъот» дар поёни кор як баёния содир карданд, ки дар он омадааст, масъулони вазоратхонаҳову идораҳо бояд дар роҳи рушди кишвар ва беҳбуди кор дар самтҳои мухталифи ҷомеъа бо намояндагони расонаҳои гурӯҳии мустақил ва давлатӣ ҳамкории густардатар дошта бошанд ва ҷиҳати дарёфти иттилоъот ба онҳо мусоъидат кунанд. Сафаргули Олимӣ, Душанбе

XS
SM
MD
LG