Пайвандҳои дастрасӣ

Ояндаи Паймони амнияти дастаҷамъӣ


Дидори Николай Бордюжа- Дабири кулли Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ дар ҷараёни сафари худ ба Тоҷикистон рӯзи 6 март бо Эмомалӣ Раҳмонов раиси ҷумҳури Тоҷикистон дидор ва мулоқот намуд.Оқои Бордюжа баъд аз мулоқот бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт зимни мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмонов масоили мухталифи марбут ба ҳамкориҳои муштарак дар чаҳорчуби фаъолияти Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Бордюжа дар ин робита афзуд:

"Мо дар ҷараёни мулоқоти беш аз якунимсоатаи худ дар робита ба масоили омодагӣ ба нишасти ояндаи Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ,ки қарор аст дар шаҳри Минск-пойтахти Белорус баргузор гардад,табодули афкор намудем.Ҳамчунин масъалаи чи гунагии сохтори ояндаи созмони ёдшударо ба баррасӣ гирефтем.Мо хостори онем,ки дар оянда Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ аз созмони низомиву сиёсӣ ба як созмони касирулфаъолият табдил ёбад".

Ба гуфтаи Дабири кулли Паймони амнияти дастаҷамъӣ зимни мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмонов масоили матраҳ шуда дар сафари ахири вай ба Тошканд низ мавриди гуфтугӯ қарор гирифтаааст.Дар посух ба ин суол,ки оё масъалаи шомил шудани Тошканд ба Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ дар ин мулоқот матраҳ будааст,Николай Бордюжа гуфт то кунун Узбакистон хоҳиши ворид шудан ба Созмони паймони амнияти дастаҷамъиро накардааст ва дар мулоқоташ бо раиси ҷумҳури Узбакистон низ ин масъала мавриди гуфтугӯ қарор нагирифтааст.Вале ҷаноби Бордюжа афзуд Узбакистон ҳамакунун талошҳои назаррасеро барои доштани равобити наздиктар бо ин паймон шурӯъ намудааст. Дар мулоқоти Бордюжа бо раис ҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин масоили таҳкими марзи байни Тоҷикистону Афғонистон ва мушкилоту таҳдидҳои эҳтимолии ношӣ аз даҳшатафканӣ ва ифротгароии мазҳабӣ дар минтақа баррасӣ шудааст.
Дабири кулли Паймони амнияти дастаҷамъӣ ҳамчунин бо мақомоти кумитаи давлатии марзбонии Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кардааст.Дар ҳоли ҳозир шаш кишвари собиқ шуравӣ ба шумули Қазоқистон, Қирғизистон,Арманистон,Белорус ва Русияву Тоҷикистон аъзои паймон маҳсуб меёбанд.

Холиқи Сангин,Душанбе
XS
SM
MD
LG