Пайвандҳои дастрасӣ

"Вахш" дар футболи Осиё


Ин мусобиқот аз 10 то 20 майи соли равон дар пойтахти Камбоҷа – шаҳри Пномпен баргузор хоҳад шуд. Ба ҷуз дастаи «Вахш», дар мусобиқоти имсола тимҳои «Транспорт Юнайтед»-и Бутан, «Татунг»-и Тайван, «Кхемара»-и Камбоҷа, «Дордой-Динамо»-и Қирғизистон, «Покистон Арми»-и Покистон, СК «Ратнам»-и Шри-Ланка ва қаҳрамони Непал, ки рӯзҳои наздик, баъди анҷоми мусобиқоти қаҳрамонии ин кишвар муайян мешавад, ширкат меварзанд. Дар маросими расмии қуръакашии Ҷоми президенти Конфедератсиони футболи Осиё, ки рӯзи 23 март доир хоҳад шуд, дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд. Чаҳор дастаи беҳтарини ҳарду гурӯҳ барои ширкат дар бозиҳои нимниҳоӣ роҳ меёбанд. Мусобиқоти мазкур дуввумин бор баргузор хоҳад шуд. Дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода аввалин барандаи Ҷоми президенти AFC буда, соли гузашта дар бозии ниҳоӣ дар Непал бар тими «Дордой-Динамо»-и Қирғизистон бо натиҷаи 3 бар 0 пирӯз гаштааст.
Ва як хабари дигар ин аст, ки дастаҳои СSKA-и Душанбе ва «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода дар мусобиқоти анъанавӣ барои дарёфти ҷоизаи ёдбуди Рустам Долтабоев, яке аз поягузорони футболи тоҷик дар гурӯҳи худ пас аз анҷоми ду даври мусобиқот мақоми аввалро ишғол мекунанд. CSKA шаш имтиёз ба даст овардааст. Тими Вазорати дифои Тоҷикистон дар сабқати гурӯҳи «А» нахуст бар дастаи мунтахаби наврасони кишвар бо натиҷаи 2 бар 0 ва баъдан бар тими «Равшан»-и Кӯлоб бо натиҷаи 2 бар 1 пирӯз шуд. Дар ин гурӯҳ СКА «Помир»-и Душанбе бо чаҳор имтиёз дар ҷойи дуввум мебошад. Ин даста нахустин бозиашро бо «Равшан»-и Кӯлоб бо натиҷаи мусовии 1 бар 1 анҷом дода, дар даври дуввум дастаи мунтахаби наврасонро бо натиҷаи 2 бар 0 шикаст дод. «Регар» ТадАЗ ва «Хима»-и Душанбе дар гурӯҳи «Б» чаҳоримтиёзӣ ба даст овардаанд. Ва аммо аз рӯи таносуби тӯбҳо Регар» ТадАЗ дар садри ҷадвал ва «Хима» дар мақоми дуввум қарор гирифтаанд. Дар даври аввал «Регар» ТадАЗ бар «Вахш» бо натиҷаи 7 бар 0 ва «Хима» бар «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппа бо натиҷаи 2 бар 0 ғолиб омаданд. Бозӣ миёни «Регар» ТадАЗ ва «Хима», ки рӯзи душанбеи 6 март баргузор шуд, бо натиҷаи 1 бар 1 хотима ёфт. Даври севвум ва охирини мусобиқот дар гурӯҳҳо рӯзҳои 7 ва 8 март доир хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG