Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пажӯҳиши ҷадиди Бонки ҷаҳонӣ дар бораи рушди тиҷорати дохилии Тоҷикистон


Бонки ҷаҳонӣ пажӯҳиши тозаи худро дар мавриди рушди тиҷорати дохилӣ дар Тоҷикистон ба нашр расонидааст.Ин пажӯҳиш,ки шомили чор боб аст,расман 6-ӯми март тавассути дафтари намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар шаҳри Душанбе зимни як нишасти хабарӣ муаррифӣ шуд.Бино ба иттилоъи дафтари Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон пажӯҳиши мазкур бо мусоидати молии муштараки ин ниҳод ва ҳамчунин Дабирхонаи давлатии Швейтсария доир ба масоили иқтисодӣ анҷом гирифта ва чанд рӯз қабл он ҷиҳати омӯзишу ошноӣ ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Диля Зоирова сухангӯи дафтари намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт тамаркузи аслии пажӯҳиши анҷомгирфта дар маҷмӯъ рӯи пешбурди сиёсати тиҷорӣ,мавонеъи мавҷуди ғайритаъаруфа, мушкилоти дастрасӣ ба кишвар ва ҳамчунин масоили марбут ба даромад ва махориҷ дар Тоҷикистон қарор гирифтааст.Хонум Зоирова афзуд дар ин пажӯҳиш масъалаҳои марбут ба шароиту муҳити тиҷорӣ,интиқолу васоити нақлия,низоми раводид дар Тоҷикистон ва низ роҳҳои ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисоди ин кишвар ба таҳқиқ гирифта шудааст.Вале пажӯҳиш раванди ислоҳот дар бахшҳои пахтакорӣ ва енержии Тоҷикистонро мавриди таъкиди махсус қарор додаааст.Пажӯҳиши Бонки ҷаҳонӣ бо ишора ба ин бахшҳо ба зарурати таъмини короии бештари ислоҳот дар бахшҳои ёдшуда таъкид намудааст.Пажӯҳиши тозанашри Бонки ҷаҳонӣ ҳамчунин ба маҳдудиятҳое ишора намудааст,ки дар ҳоли ҳозир дар роҳи рушди бахшҳои калидии иқтисоди Тоҷикистон ҳамчун монеъа боқӣ мемонанд.Бар пояи пажӯҳиши Бонки ҷаҳонӣ вуҷуди се мушкил дар ҳоли ҳозир бар сари роҳи рушди тиҷорати дохилӣ дар Тоҷикистон монеъа эҷод намудааст.Дар пажӯҳиши Бонки ҷаҳонӣ аз дурафтодагии Тоҷикистон ва мавқеъияти номусоиди ҷуғрофиёии он,ҳамчунин заъфи сохториву рушди фасод дар бахшҳои мухталифи ин кишвар ба унвони мушкилоте ёд шудааст,ки густариши тиҷорати дохилиро дар Тоҷикистон бо мавонеъ рӯ ба рӯ сохтааст.
XS
SM
MD
LG