Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

IAEA имрӯз барномаҳои ҳастаии Эронро баррасӣ мекунад


Имрӯз дар Вена Шӯрои мудирони созмони ҷаҳонии назорати нирӯи ҳастаӣ дигарбора ба баррасии масъалаи ҳастаии Эрон хоҳад пардохт. Ва аз ҷумла ба ин мавзлъ, ки оё парвандаи Эронро бо гумони ин ки дар пайи сохтани силоҳҳои ҳастаист, ба Шӯрои Амният (ША)-и Созмони Милали Муттаҳид (СММ) бифиристад ё хайр.

Дар ҳамин ҳол, дирӯз мақомоти эронӣ диграбора изҳор доштанд, ки Теҳрон таҳқиқоти ҳассоси ҳастаияшро ҳатто дар сурати ирҷоъи парвандааш ба ША СММ тавқиф нахоҳад кард. Алии Луриҷонӣ, раҳбари ҳайъати музокиротии Эрон гуфт, Теҳрон дар муқобили ин фишорҳо даст ба шурӯъи комили фаъолиятҳои ғанисозии ураниумаш хоҳад зад.

Дирӯз сафири Амрико дар СММ Ҷон Болтон Эронро ҳушдор дод, ки дар сурати идома додани барномаҳои ҳастаияш пайомадҳои маҳсусу мушкилзоеро мунтазир бошад. Ҷон Болтон гуфт, сухан дар бораи эълони таҳримот алайҳи Теҳрон меравад, вале Амрико зимнан дар муқобили, ба гуфтаи Болтон, "таҳдиди ҳастаии Эрон" аз тадобири дифоъӣ низ кор хоҳад гирифт. Кафили сарвазиир Исроил Эҳуд Олмарт низ дирӯз гуфта, ки ба хотири манъи ҳаракати Эрон ба сӯи сохтани силоҳи ҳастаӣ бояд аз тамоми тадобир истифода бурд.
XS
SM
MD
LG