Пайвандҳои дастрасӣ

Вижагиҳои марҳилаи гузор дар Тоҷикистон


шореҳи меҳмон Маълум аст, ки роҳи рушди иқтисоди бозор ҳамвор нест. Он фарозу нишебҳо дорад. Бинобар ин, кишварҳое, ки бо ин роҳ мераванд, се мушкили асосӣ доранд: таваррум, таназзул ва бекорӣ. Аммо чаро ингуна шуд ва роҳи ободӣ куҷост?

Таваррум, маъмулан, дар марҳилаи болоравии иқтисод оғоз мешавад ва таназзулу бекорӣ хоси даври рукуду суқути тавлидот аст. Аз ин рӯ, муҳимтарин ҳадафҳои сиёсати иқтисодии давлатҳо иборат аз боло бурдани сатҳи тавлидот ва пойин овардани сатҳи бекорӣ ба ҳангоми рукуд ва таъмин намудани суботи қиматҳо дар бозор дар давраи болоравии иқтисод мебошад.
Тоҷикистон ва дигар кишварҳои шӯравии пешин, ки марҳилаи гузор ба иқтисоди бозорро аз сар мегузаронанд, бо ҳамин гуна мушкилот рӯбарӯ ҳастанд. Вале шароит ва омилҳои зояндаи ин мушкилот ва шеваҳои бархӯрд бо онҳо дар ин ҷо ба гунаи дигар аст. Мушкил дар он аст, ки иқтисоди бозор барои ин кишварҳо падидаи тозаю ноошно аст. Бештари мардум аз нигоҳи моддию равонӣ ба ин низом омода набуданд ва он барояшон ҳатто номатлуб буд. Роҳи гузор ба иқтисоди бозорро ҳукуматҳо пеш гирифтанд ва ба ислоҳоти иқтисодию иљтимоӣ, пеш аз ҳама ба хусусигардонии моликияти давлатӣ даст заданд. Зимнан, гузор ба низоми ҷадид на ба сурати тадриҷӣ (чуноне, ки дар Чин амалӣ мешавад), балки ба шеваҳои ифротӣ ва нодурусту бедодгарона сурат гирифта ва мегирад. Ин ҳолат боис шуд, иқтисоди ин кишварҳо на танҳо боло нарафт, балки баракс бештар суқут кард.
Нуктаи муҳими дигар ин аст, ки дар ин ҷо ислоҳоти иқтисодӣ ҳамзамон бо дигаргуниҳои сиёсӣ, яъне дар замони фурӯпошии давлати шўравӣ оғоз шуд. Давлати Шӯравӣ як муҷтамаъи воҳиди иқтисодӣ буд ва ҳар кадом аз ҷумҳуриҳо як қисми онро ташкил медод. Онҳо бидуни якдигар аз нигоҳи иқтисодӣ ноқис буданд. Яъне дар замони шӯравӣ онҳо бо ғаразҳои сиёсӣ тавре марзбандию таъсис шуда буданд ва иқтисодашон ба гунае рушд мекард, ки ҳар яки онҳо ба танҳоӣ натавонанд ба масобаи як организми худкифои иқтисодӣ фаъолият кунанд. Пас аз фурӯпошии Шӯравӣ робитаҳои иқтисодӣ байни ҷумҳуриҳо мушкил ё гусаста шуд. Ин ҳолат бӯҳрони иқтисодиро доман зад ва ногузир таназзули шадидро ба бор овард. Масалан, маҳсулоти нохолиси Тоҷикистон дар соли 20000 ду баробар камтар аз соли 1990 буд.
Дар айни замон, сиёсатҳои молию пулии Русия боиси таварруми фарогир гардид ва ҳамаи кишварҳоеро, ки дар ҳавзаи пули Русия, яъне рубл буданд, аз ҷумла Тоҷикистонро шадидан мутаассир сохт. Ин буд, ки дар ин кишварҳо бӯҳрони иқтисодӣ, афзоиши бекорӣ ва таварруми шадид ҳамзамон сурат гирифт. Ин ҳолат раванди берун омадан аз бӯҳронро мушкилтару тӯлонитар сохт. Хусусан барои ҷумҳуриҳое, ки аз лиҳози сиёсию иқтисодӣ ҳанӯз вобастаи Русия буданд ва роҳи иқтисоди бозорро ҳам ноогоҳонаю муқаллидона пеш гирифта буданд.
Дар солҳои 90-ум, дар шароити таназзули иқтисод, авҷ гирифтани бекорӣ ва таварруми шадид, мебоист, ки пеш аз ҳама суботи иқтисоди кишвар барқарор гардад. Бинобар ин, ҳадафи асосии Ҳукумати Тоҷикистон ва дигар мамолики ҳамсуд - маҳор кардани таварруми саркаш ва таъмин намудани суботи қиматҳои бозор буд, то ин ки шароит барои болоравии иқтисод ва пойин овардани сатҳи бекорӣ мусоид гардад. Барои расидан ба ин ҳадафҳо, давлатҳо, маъмулан, аз абзорҳо ва шеваҳои гуногун истифода мекунанд. Муҳимтарини онҳо -- сиёсати молӣ ва сиёсати пулӣ мебошад. Зимнан, даромадҳо ва воридоту содирот низ танзим мешаванд. Вале ин сиёсатҳо замоне натиҷаи мусбат медиҳанд, ки бар асоси шинохти дақиқи шароити мавҷуда тадвин ва дуруст амалӣ шаванд. Албатта, ин ба сатҳи донишу маърифати ҳукуматдорон вобаста аст.
Дар Тоҷикистон, ба иллати маҳдудияти буҷа, амалан вуҷуд надоштани пули миллӣ ва системаи бонкӣ, бесалоҳиятию бетаҷрибагии кадрҳо ва низоъи дохилӣ, ҳукумат имкони онро надошт, ки сиёсатҳои молию пулии худро мустақилона тадвин ва аз абзорҳои марбута ба таври муассир истифода кунад. Бинобар ин, таварруму бӯҳрони иқтисодӣ хеле амиқу тӯлонӣ шуд.
Ҳоло таварруми саркаш маҳор шуда, суботи нисбии қиматҳо таъмин ва болоравии иқтисод оғоз шудааст. Дар ин марҳила ҳадафҳои асосии кишвар -- афзоиши тавлидоти миллӣ, аз байн бурдани бекории иҷборӣ ва боло бурдани сатҳи зиндагии мардум эълон шудааст.
XS
SM
MD
LG