Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Наҳзатиёни Хатлон: Қонуни нави интихоботи президент зарур аст


Қӯрғонтеппа Ба думболи даъвати Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ба қабули қонуни нави интихоботи президент, намояндагони маҳаллии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ пешниҳод кардаанд, ба хотири шаффофият ва адолат дар интихобот қонуни нав ва дақиқтаре ба тасвиб расад.

Ҳоҷӣ Қаландар Садурдинзода, раиси бахши Ҳизби наҳзати исломӣ дар вилояти Хатлон мегӯяд, теъдоди аъзои ҳизб дар минтақа ба 9 ҳазор нафар мерасад ва ҳар як узви ин ташаккули сиёсӣ номзади арзанда ба интихоботи қарибулвуқӯъи раёсати ҷумҳур аст. Садурдинзода бар ин назар аст, ки дар ҳоли шаффоф ва демократӣ гузаштани интихоботи президентӣ дар моҳи ноябри соли равон номзади Ҳизби наҳзат пирӯз хоҳад шуд. Раиси бахши Ҳизби наҳзат дар вилояти Хатлон таъкид кард, ки ҳеҷ як созмони байналмилалӣ, кишвари хориҷӣ ва расонаи хабарӣ ҳаққи дахолат кардан ба умури дохилии Тоҷикистонро надорад.
Вай афзуд, агар аҳзоби дигари сиёсӣ аз номзади Ҳизби наҳзати исломӣ пуштибонӣ кунанд, имкон дорад, эътилофи аҳзоб сурат гирад ва агар ин номзад дар интихобот пирӯз шавад, ҳизбҳои сиёсӣ саҳми худро дар ҳукумати нав хоҳанд дошт. Вале Садурдинзода иддао дорад, ки қонуни интихоботи президент ба талаботи ҷомеаи демократӣ мувофиқ нест ва имкон намедиҳад, ки аҳзоби сиёсӣ дар ин интихобот рақобати баробар дошта бошанд:
"Мо бисёр орзу дорем, ки дар қонуни интихобот як шаффофият, як рӯшанӣ ворид карда шавад, ки ҳама имкони рақобат дошта бошанд. Бисёре аз бандҳои ин қонун ба назарияи демократие, ки имрӯз дар тамоми дунё қабул шудааст, ҷавобгӯ нест. Мо аз порлумон хоҳиш мекунем, ки ин бандҳои қонуни интихоботро дубора баррасӣ кунанд. Ҳамзамон бояд ҳизбҳои мо фаъол бошанд. Аҳзоби сиёсӣ набояд гапи ҳар чизро зананд, мо бояд бо тамоми қувваамон дуруст иштирок кунем. Чунки ин ҳизбҳо моли Тоҷикистон ҳастанд ва ширкати фаъолонаи мо барои президенти оянда ҳам обрӯ медиҳад."
Ҳоҷӣ Қаландар Садурдинзода мегӯяд, ин аз имкон берун аст, ки барои иштирок кардан дар интихоботи президентӣ ҳар як номзад бояд 150 ҳазор имзо ҷамъ кунад. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар тобистони соли равон номзади ягонаи худро дар интихоботи раёсати ҷумҳур муайян хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG