Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти овозхони маъруф Абдулло Назрӣ


Абдулло Назрӣ, ки аз ҳунармандони асили мардуми тоҷик буд, дар сини 76-солагӣ бар асари беморӣ ва хунрезии мағзӣ даргузашт. Мақомоти давлати Тоҷикистон даргузашти ин ҳунрманди маҳбубро як зоеъаи бузург ва ҷуброннопазир барои ҳунар ва фарҳанги тоҷик арзёбӣ карданд. Маросими дафни Абдулло Назрӣ бо ширкати аксари намояндагони баландпояи ҳукумати Тоҷикистон, дӯстон ва ҳаводорони зиёди ин ҳунарманди мардумӣ дар шаҳри Душанбе сурат гирифт. Раҷабмад Амиров дар расми дафни Абдулло Назрӣ бо ишора ба хидматҳои вай дар рушди мусиқӣ ва ҳунарии овозхонии тоҷик мероси савтии шодравон Абдулло Назриро аз беҳтарин осори хазинаи ҳунари овозхонии тоҷик унвон кард. Ӯ ҳаммчунин гуфт, Абдулло Назрӣ дар тӯли чиҳил соли фаъолияти ҳунарии худ дар саҳнаи тоҷик беш аз 200 суруди ноб офарида, ки ҳамагӣ дар хазинаи тиллоии радио ва телевизиони Тоҷикистон ворид шудаанд.
Ба назари ҳунаршиносон, яке аз пайравони мумтоз ва муваффақи сабки овозхонии мавсум ба мавригӣ буда, дар рушду такомули ин мактаб дар канори Акашариф Ҷӯраев, падари мусиқии муосири тоҷик хидматҳои пуразише анҷом додаст. Бархе дигар мӯътақиданд, ки шодравон Абдулло Назрӣ худ дорои мактаби хоси ҳунарӣ низ ҳаст. Мӯъмин Қаноат, шоири тавонои тоҷик мегӯяд, вижагии ҳунари Абдулло Назрӣ ин буд, ки сабки ӯ аз сабки анъанавии мардуми кӯҳистон фарқ мекард ва бештар ҳирфаӣ буда, ҷанбаи қавии умумимиллӣ ва классикӣ дошт.
Давлатманд Холов аз устод Абдулло Назрӣ ба унвони як шоҳсутуни ҳунари тоҷик ном бурд ва афзуд, вай дар баробари ҳунарманди асл будан як мураббии ҳассос ва устоди сахтгиру меҳрубон дар баробари насли баъдӣ низ буд.
Сайидқули Билол, раҳбари дастаҳои ҳунарии Кумитаи садо ва симои Тоҷикистон мегӯяд, дар дунё аксари одамон барои худ зиндагӣ мекунанд, аммо афроди ангуштшуморе ҳаст, ки барои мардум зиндагӣ мекунанд ва Абдулло Назрӣ аз зумраи онҳо буд.
Абулло Назрӣ дар миёнаи асри гузашта вориди саҳнаи ҳунари тоҷик шуд ва дар як муддати кӯтоҳ тавонист бо ҳунару истеъдоди худ дар миёни мардум аз маҳбубияти волое бархӯрдор шавад. Ва дар соли дар соли 1955 сазовори унвони ҳофизи мардумӣ шуд. Ӯ то вопасин лаҳзаҳои умри худ, дутор дар даст ва гули сари сабади маҳфилҳои мардумӣ буд. Вале даргузашти ӯ поёнии кори эшон нест ва садои гирояш дар фазои Тоҷикистон мондагор хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG