Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз як тоҷик дар маҳбаси Гуантанамо


Дар асноди марбут ба боздоштшудагони Гуантанамо, ки вазорати дифоъи Иёлоти Муттаҳида нашр кард, номи як шаҳрванди Тоҷикистон низ ҷой дорад. Бо қарори додгоҳи федерол Вазорати дифои Иёлоти Муттаҳида ном ва тафсилоти бозпурсии 300 нафарро, ки дар маҳбаси Гуантанамо ба сар мебаранд, нашр намуд. Яке аз онҳо бо номи Зайнулобиддин, шаҳрванди 26-солаи Тоҷикистон буда, дар моҳи июли соли 2003 дар Мазори Шарифи Афғонистон боздошт шудааст. Вай гуфтааст, ӯро иштибоҳан, дар ивази шахсе бо номи Ҷумъаҷон ба ҳабс гирифтаанд. Ҷумъаҷон ба узвият дар гурӯҳи Толибон ва Ҳизби исломии Гулбиддини Ҳикматёр айбдор шуда, ӯҳдадор будааст, ки супориши шабакаи Ал Қойидаро дар Тоҷикистон баъд аз 11- уми сентябри соли 2001 амалӣ намояд. Зайнулобиддин ба муфаттишони ҳарбии Амрико гуфтааст, дар соли 1992 аз Тоҷикистон фирор карда, ба сифати гуреза вориди Афғонистон шудааст ва то боздошт ба ҳайси ронандаи таксӣ кор мекардааст.
Тибқи иттилоъи дарёфтӣ 11 нафар аз 500 маҳбуси Гуантанамо шаҳрвандони Тоҷикистон буда, то моҳи августи соли 5 нафари онҳо озод шудаанд. Ва агар Зайнулобиддин нафари шашум бошад, сарнавишти 5 тоҷикистонии дигари Гуантанамо номаълум боқӣ мемонад. Вазорати дифоъи Иёлоти Муттаҳида номи наздик ба 200 нафари дигарро ҳанӯз нашр накардааст.
XS
SM
MD
LG