Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳоҷирони қонунӣ ва интернетӣ


Ба иттилои Хадамоти давлатии муҳоҷирати Тоҷикистон дар соли гузашта зиёда аз якуним ҳазор муҳоҷири кории тоҷик ба таври расмӣ вориди шаҳрҳои мухталифи Русия шуда, соҳиби кор шудаанд. Анвар Бобоев, раиси Хадамоти давлатии муҳоҷират дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, теъдоди андаки муҳоҷирони тоҷик ба таври расмӣ аз сӯи ширкату корхонаҳо, барои кор ба нуқоти мухталифи Русия фиристода шудаанд.
"Як қатор субектҳои хоҷагидор вуҷуд доранд, ки барои фиристодани қувваи корӣ ба хориҷи кишвар лисензия ё иҷозатнома доранд. Инҳо «Тоҷикхориҷакор», "Шуғли беруна» ва "Биржаи ҷавонон"-и Созмони ҷавонони Тоҷикистон ва дигарон мебошанд. Дар соли гузашта ин ширкатҳо 1 600 нафарро ба корхонаҳои шаҳрҳои мухталифи Русия фиристоданд. Ин албатта, ҳоло кам аст ва мо кӯшиш дорем,ки чунин теъдоди чунин ширкатҳо дар Тоҷикистон бештар шаванд."
Ба гуфтаи Анвар Бобоев , як мушкили асосии ҷалби қонунии нируи корӣ аз Тоҷикистон ба Русия ба ширкатҳо муассиса ва афроди корфармо робита мегирад. Вай мегӯяд , ки на ҳамаи корфармоёни рус мехоҳанд муҳоҷиринро тариқи созишнома ба кор қабул кунанд. Зеро созишномаҳое, ки миёни онҳо ва ин ширкатҳо баста мешавад, корфармоёнро аз чанд ҷиҳат масъул мекунад ва ҳамчунин пардохти як миқдори муайяни маблағро талаб мекунад.
"Масалан ҳар корфармои рус барои як нафар мардикор бояд ба буҷаи давлаташ 4 ҳазор рубл супорад ва онҳоро бо маош, суғуртаи тиббӣ таъмин кунад ва пеш аз ҳама ба қайд бигирад.Барои ҳамин ҳам, ин кордиҳандаҳо намехоҳанд ба таври қонунӣ муҳоҷиронро ба кор гиранд."
Гуфтанист, бахши аъзами муҳоҷирини кории тоҷик, ба муҳоҷирати қонунӣ ва дар асоси созишнома ва қарордод таваҷҷӯҳ дорандИн ҳам дар ҳолест,ки корфармоён муқаррароти муҳимми ин созишномаҳоро, аз қабили сабти ном, саривақт пардохтани маош, бимаи тиббиро сарфи назар мекунанд.
Як сокини ноҳияи Ваҳдат,ки худро Султон Олимов муаррифӣ кард, гуфт , ки маълумоти олии нопурраи мошинсозӣ дорад ва қарор аст, охири моҳи апрели соли равон, бо мусоидати Вазорати кор ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Тоҷикистон ба шаҳри Нижний Новгороди Русия барои кор равад, аммо касе кафолат намедиҳад, ки куллияи бандҳои шартномае ки тариқи он сафар мекунад, аз ҷониби корфармоёни рус риоят мешавад.
"Мо ба шартнома имзо кардем. Дар он гуфта шудааст, ки моро ба қайд мегиранд, маоши хуб медиҳанд, аммо намедонам, ки ҳамаи ин ваъдаҳо то куҷо дурурст бошанд."
Раҳматулло Раҳимов, ҳуқуқшиноси ширкати «Тоҷикхориҷакор» мегӯяд, тайи соли гузашта мутахассисони ширкати мазкур ба 1200 нафар машваратҳои ҳуқуқӣ ва ба 210 нафар роҳхат ба корхонаҳои мухталифи Русияро додаанд.
"Мо тариқи Интернет маълумот дар бораи муҳоҷири корӣ ,синну сол, маълумот, вазъи оилаашро мефиристем ва кордиҳанда, ки онҳоро интихоб кард , мо онҳоро мефиристем."
Ба маълумоти Хадамоти давлатии муҳоҷирати Тоҷикистон феълан танҳо дар қаламрави Русия 412 000 муҳоҷири тоҷик ба cар мебарад, ки беш аз 9 000 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.
XS
SM
MD
LG